Санаи 18.04.2024 дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ ва эҷодкорӣ баромад намуданд.