Қайд намудан ба маврид аст, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.

Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, мардумро ба корҳои ободонию сабзкорӣ ҳидоят мекунад.

Санаи 08.04.2024 гулдухтарону бонувони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар боғҳои фархангӣ – фароғатии пойтахт дар фестивали сайри “Гули лола” иштирок намуданд.