Кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №555 аз 01.09.2009 Коллеҷи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҳамроҳ карда шуд ва сохтори Коллеҷи техникӣ аз нав таҷдид гардид. Дар натиҷа кафедра дар аввал бо номи “Таърих ва фалсафа” ҳамчун зерсохтори факултаи “Автомобилӣ” фаъолият намудааст. Шуруъ аз соли таҳсили соли 2014-2015 кафедра номи “Фанҳои гуманитарӣ -ро гирифт, ки дар он фанҳои фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, этика ва эстетика, диншиносӣ, маърифати оиладорӣ, педагогика, психология ва географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографии он омӯзонида мешавад.
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ҳамчун зерсохтори Коллеҷ фаъолияти худро мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурурамалҳо қабул намудаи Вазорати маъориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи коллеҷ, низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабул намудаи Коллеҷ фармонҳои директор, дастурамали вазифавӣ, инчунин нақшаи кории Шӯрои олимон, ҷаласаи маъмурият, кафедра ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.
Кафедраи фанҳои гуманитариро солҳои таҳсили 2009-2015 муаллими калон Хокироев Нуриддин Сангалиевич., солҳои таҳсили 2015-2017 муаллими калон Камолов Соҳибназар Эмомиддинович, солҳои таҳсили 2017-2019 Раҳимов Равшан Лақаевич, солҳои таҳсили 2020-2021 н.и.ф. Назарова Рамзия Саъдуллоевна ҳамчун мудири кафедра фаъолият намудаанд. Айни ҳол муаллими калони кафедра Азизмамадова Зулфия Сафармамадовна ба ҳайси мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ фаъолият намуда истодааст.
Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ айни замон 10 нафар омӯзгори асосӣ, 4 нафар омузгори ҳамкор 1 нафар ҳуҷҷатнигор кору фаъолият намуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бо зиёиёни кишвар қайд карда буданд, ки “Боиси хушнудист, ки имруз бо амалӣ гардидани принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муасиссаҳои таълимӣ сафи ҷавонони соҳибзавқ соҳибҳунар ва эҷодкор торафт афзуда, ҷавонони лаёқадманд ба корҳои илмиву иннаватсионӣ бештар ҷалб карда мешаванд ва сифати корҳои илмиву тадқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимиву илмии кишвар сол аз сол беҳтар мегардад.”
Аз ин лиҳоз, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ин суханҳои пешвои миллат сармашқи кори худ карда, фориғ аз дарсҳо ба таълифи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои таълимӣ – методӣ машғул ҳастанд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар давоми соли таҳсили 2022- 2023 зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ табъ расиданд.
1.Азизмамадова З.С. – Ҷомеаи маданӣ – мафҳум ва моҳияти он.
2.Илчибекова Б.О. – Аҳмади Дониш – саромади морифпарварони Осиёи Марказӣ.
3.Ғалчабеков Д, Илчибекова Б . – Ақл ва нафс дар таълимоти Абуяъқуби Сиҷистонӣ.
4.Сафарзода А.А. – Воситаи муосири бланд бардоштани сифати дониши ба
5.Мавлонова Т.М.- Сайидои Насафӣ ва ақидаҳои ахлоқии ӯ
6.Ғалчабеков Д.М. – Раҳмихудоева Х.Г. – Фалсафаи Абуяъқуби Сиҷистонӣ аз нигоҳи муҳаққиқ П. Волкер.
7.Калонов Ф.М., Иникоси давлат ва ҳуқуқ дар асарҳоии
- Ғалчабеков Д.М Академик А Баҳоаддинов ва рушди афкори фалсафию сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолӣ.
- Ғалчабеков Д.М Ҷилои дониши фалсафӣ дар фаъолияти маъорифпарваронаи Абуяъкуби Сиҷистонӣ.
- Ғалчабеков Д.М Сарчашмаҳои донишу ҳақиқат тибқи таълимоти фалсафии Абуяъкуби Сиҷистонӣ. Мақ.илмӣ.
- Ғалчабеков Д.М Меъроси фалсафии Абуяъкуби Сиҷистонӣ.
Корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорон дар соли
таҳсили 2022-2023
Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар соли таҳсили 2023-2024 2 нафар ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ машғул мебошанд.
- Калонов Ф.М. унвонҷӯи ДМТ буда, дар мавзӯи “Афкори давлатӣ-ҳуқуқии М.А.Хамадонӣ” аз соли 2019 зери роҳбарии Азиззода У.А. кор карда истодааст. Ӯ се мақолаи илмӣ дар мавзӯи кори худ, ки ва дар Паёми ДМТ дар соли равон чоп шудааст.
- Ғалчабеков Д. М. унвонҷӯи АИМТ буда, дар мавзӯи “Ақлгароии Абуяъқуби Сиҷистонӣ ва ҳаракатҳои ӯ дар асрҳои 9-10” зери роҳбарии Ҷонбобоев С аз соли 2020 кор карда истодааст.Мавзӯъҳои илмии ӯ дар маҷалаҳои ДМТ ва ИҶТ ба чоп расидаанд.
3.Раҳмихудоева Хазонгул Гулмамадовна унвонҷӯи АИМТ буда,дар мавзӯи “Таърихи мазорҳои Бадахшон” аз соли 2020 зери роҳбарии Ҳамза Камол кор карда истодааст.
Омузгорон дар соли таҳсили 2021-2022 оид ба мавзуъҳои худ кор намуда дар конференсияҳои коллеҷи ва берун аз он фаъолона иштирок намудаистодаанд.