Санаи 5-уми майи соли 2022 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣтибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи илм ва инноватсия бо ташаббуси кафедраҳои физика ва телекоммуникатсия, математика ва информатика, химия ва экология, конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Бистсолагии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар мавзӯи: “Аҳамияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди саноати кишвар” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо иштироки олимони соҳа аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Академияи байналхалқии илмҳои мактабҳои олӣ, донишҷӯёну ва омӯзгорони коллеҷи техникӣ баргузор гардид.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. – конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро кушода, меҳмононро муаррифӣ намуда қайд кард, ки бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми солонаи 2019 бармеояд, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст ва инчунин бо дастуру супоришҳои маъмурияти коллеҷи техникӣ ва нақшаи баргузории конференсияҳо ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо ташаббуси кафедраҳои физика ва телекоммуникатсия, математика ва информатика, химия ва экология, конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро оид ба тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар баргузор намоем.
Мутафаккирони бузурги форсу тоҷик Ал-Хоразмӣ, Ал-Берунӣ ва дигарон пешоҳангони илми риёзӣ ба ҳисоб рафта, барои замина гузоштан дар илмҳои дақиқ нақши созгор доранд.
Мавсуф дар идомаи баромадаш илова намуд, ки имрӯзҳо низ барои рушду нумӯи ин фанҳо ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан баъди пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-юми декабри соли 2019 дар Паёми худ ба ба аъзои Маҷлиси миллӣ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолагии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон дошта буданд, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар Коллеҷи мо низ шавқу рағбати донишандузӣ нисбати фанни математика, физика, химия ва информатика зиёд гардидааст.
Сипас, Сатторов Абдуманон Сатторович – доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи байналхалқии илмҳои мактабҳои олӣ дар мавзӯи: «Тасвири интегралӣ ва ҳалли масъалаҳои канорӣ барои як синфи муодилаҳои дифференсиалии таназзулёбанда» баромад намуда маъруза кард.
Сипас, директори институти илмӣ-татқиқотии илмҳои табиатшиносию риёзӣ ва такмили методикаи таълимии онҳо дар назди Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Умаров Умар Сулаймонович – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент ба сухан баромада дар мавзӯи «Талабот ба таълифи китобҳои дарсии физика барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ» маърӯза намуд.
Дар рафти конференсия Файзуллозода Эркин Фатҳулло – номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сухан баромада, дар мавзуи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшинсӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маъруза намуд.
Сипас, Пирова Хайринисо Саъдуллоевна – муаллими калони кафедраи физика ва телекоммуникатсияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи «Саҳми олимони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» маъруза намуд.
Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки миллати фарҳангсозу мутамаддини мо дар тамоми давраҳои таьрихи давлатдориву шаҳрнишинии хеш дар самти илми риёзӣ нақши омӯзандаро нигаҳдорӣ мекард, ки аз он на танҳо худ, балки то ҳоло дигарон низ барои рушди инкишофи кишварҳои худ истифода мебаранд. “Қобуснома”-и У. Кайковус яке аз пандномаҳои аввалини асримиёнагӣ буда, тасвири масъалаҳои ҳисобу китоб, ҳимматбаландию сариштакорӣ, омӯзиши касбу ҳунар, ташкили хоҷагии хонагӣ, тарзу усулҳои тиҷорат, харидани манзил ва замин, ҷамъ овардани мол, нигоҳ доштани амонат, маслиҳат дар хусуси тақсими даромад, андухти амвол ва маблағро дар бар мегирифт.
Мутафаккирони бузурги форсу тоҷик Ал-Хоразмӣ, Ал-Берунӣ ва дигарон пешоҳангони илми риёзӣ ба ҳисоб рафта, барои замина гузоштан дар илмҳои дақиқ нақши созгор доранд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ саҳми олимони намоёни тоҷик А. Адҳамов, Б.Нарзуллоев, Ф. Ҳакимов, Ҳ. Маҷитов, С. Бандаев, М. Холназаров, А. Тураев, Ф. Раҳимов, А. Абдурасулов, ва ғайраҳо бузург аст. Чанд сайёраи хурде, ки астрофизикони америкоӣ кашф карданд, ба шарафи олимони астрофизики тоҷик П. Бобоҷонов, Ибодинова, Доброволский ва дигарон номгузорӣ шудаанд. Татқиқоти олимони тоҷик дар соҳаи астрофизика дар арсаи байналхалқӣ маълуму машҳуранд.
Пас аз итмоми маърузаҳо аз толор омӯзгорон ва донишҷӯён ному насаби маърӯзачиёнро гирифта ба онҳо савол пешниҳод намуданд, ки маърӯзачиён ба саволҳо посухҳо доданд.
Дар фарҷом, кори конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия – Азимов Х.Ҳ. ҷамъбаст намуда, аз тарафи меҳмонон фаъолони чорабинӣ бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Бахши матбуот