Дар айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қиматби Эльназар фаъолият намуда истодааст.
Қисми тарбияи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кори худро дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 бо №94 қабул шудааст, ба роҳ монда, мақсад аз он: – дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тарбияи насли наврас равона карда шудаанд;
– тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ;
– зери назорати доими қарор додан ва ба роҳ гузоштани кори тарбиявӣ дар факултетҳои коллеҷ ва роҳбарӣ намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии коллеҷ;
– татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳамкорӣ бо волидайн. – ҷалб намудани ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсии коллеҷ ва берун аз он;
– ҷалби ҷавонон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ ва тарбияи ҳаёти солим дар байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон. Дар қисми тарбияи коллеҷ Шӯрои ҳамоҳангсоз амал менамояд, ки дар ҳайати он инҳо фаъолият менамоянд:
– Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ;
– Шӯрои бонувони коллеҷ;
– Созмони ҷавонони коллеҷ.
Кормандони Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консесияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар тар таълиму тарбияи фарзанд », Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон », «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ», қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои директори коллеҷ ва супоришҳои маъмурияти коллеҷ вазифадоранд. Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни коллеҷ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи коллеҷ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар факултетҳо аз тарафи раёсати ташкилӣ- тарбиявӣ ҷаласаҳои сарпарастони гурӯҳҳои академӣ гузаронида байни ҳар як сарпарастон оиди нақшаи инфиродии донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар факултетҳо эдвайзерони тарбия барои пешбурди корҳои тарбиявӣ ва назорати дарсҳои сарпарастон фаъолият намуда онҳо вазифадоранд, ки дар асоси нақшаи кории тарбивии факултет тамоми чорабинииҳои сиёсию-фарҳангӣ ва конференсияю мизҳои мудаварро пайваста миёни донишҷӯён баргузор намуда, дарсҳои тарбиявии сарпарастонро пурра назорат мебаранд. Барои иҷрои дурусти нақша ва вазифаи хизматии эдвайзерони тарбия дониши баланди сиёсӣ ва маҳорату малакаи ташкилотчигӣ доранд.
Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва бахши кор бо ҷавонон пайваста баҳри ислоҳи камбудиҳо ва дигар масъалаҳои ҷойдошта кӯшиш намуда, фаъолияти худро нисбати солҳои пешин чандин маротиба беҳтар гардонидааст. Ҳамзамон, донишҷӯён дар иштироки чорабиниҳо фаъол мебошанд ва мунтазам дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ ширкат меварзанд.