Коррупсия ва ё ришва, ки ба истилоҳ зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаҳмида мешавад, яке аз шаклҳои монеъшавандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеаи башарӣ аст. Ин падидаи номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои хатарзо дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки ин зуҳуроти нангини ҷомеа аз қадимтарин замонҳо, ки ҷомеаи башарӣ тағйироти гуногун ва пешравиҳои зиёдро ноил гашт, арзи вуҷуд карда, то имрӯз решаҳои худро мустаҳкам кардааст. Коррупсия, ки он як навъи фасодкорист, маънои табоҳӣ, харобӣ ва вайрониро медиҳад. Ин падидаи зишт ба хилофкорӣ, харобкунӣ ва монеъшавии пешрафти ҳама самтҳои ҷомеа монеъ шуда, аз сӯи ашхосе, ки масъул ва ё соҳибқудратанд, ҷиҳати ба ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсии хеш расидан, анҷом дода мешавад.

Пас, ҷои шубҳа нест, ки пайдоиши ин падидаи зишт ҳанӯз ба пайдоиши аввалин давлатҳо алоқаманд аст. Зеро, аз рӯзе, ки инсон худро ҳамчун масъули идоракунандаи ҷомеаи башарӣ ҳисобид, дар зеҳн чигунагии бадастоварии манфиат, қудрат, пешравӣ ва умуман, ҳадафҳои худро парварид. Мубориза бар зидди ин зуҳурот ҳам дар коргузории идорӣ ва ҳам дар дину оини халқҳои олам таъкид гардидааст. Аммо, мутаассифона, бо пешрафти ҷомеаи башарӣ ин падидаи нангин низ рушд карда истодааст.

Вобаста ба ин, барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ қабул ва ба имзо расидаанд, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, таъмини амнияти миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва поктинатию росткорӣ равона гардидаанд. Аз ҷумлаи чунин аснод, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999, ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои байналмилалии хусусияти қонунӣ-ҳуқуқӣ доштаро аз 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонид. Ин «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия» мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирокдори ин санади муҳимми ҷомеаи башарист ва мақсад аз қабулу баимзорасонии чунин аснод, пеш аз ҳама, ба таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи адолати иҷтимоӣ, рушди босуботи ҳаёти иқтисодии ҷомеа, таъмини амну субот дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани пояҳои давлат равона гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокдори қабули ҳуҷҷатҳои байналмилалист, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти миллӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худро дар мубориза бар зидди коррупсия қабул ва ба имзо расонидааст, ки дар ин самт ҳуҷҷати асосии зиддикоррупсионӣ Конститутсияи амалкунундаи кишвар, ки дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он асос меёбанд, ба ҳисоб меравад.

Тавре ки зикр карда шуд, асноди махсусе, ки ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия амал мекунанд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва як қатор Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки ҳамагӣ барои боз ҳам ҷоннок намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа равона гардидаанд, ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, дар сархати қонуни мазкур чунин омадааст: “Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд”.

Ҳамзамон, як қатор идораҳои дахлдори ин соҳа, аз қабили Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани “муборизаи бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз байн бурдани такроркунии вазифаву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ” таъсис ёфтанд ва дар заминаи фаъолияти ин ниҳодҳо “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, №34), «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504) ва “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2021, №222)” қабул гардид, ки ҳадаф аз қабули чунин аснод дар соҳаи қонунгузории кишвар бартараф намудани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман, пешравиҳои ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, ин вабои зишти замон дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст, аз ҷумла, дар моддаҳои 319 (барои гирифтани пора) ва 320 (барои додани пора) ҷазо пешбинӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии худро ба даст овардан тавонист давлати миллии худро бунёд ва пояҳои онро устувор кунад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик муяссар гашт, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар асоси принсипҳои давлатдории миллӣ қабул намоянд ва идораҳои соҳавиро таъсис ва рушд диҳанд. Агарчи аз таъсиси идораҳо ва қабули асноди зиддикоррупсионӣ дар боло сухан кардем, боз ҳам камбудиҳо дар ин самт ба назар мерасад. Мутаассифона, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки қариб дар ҳама самт ин вабои зишт вуҷуд дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар ҳамеша дар Паёмҳои худ вобаста ба бартараф намудан, решакан кардан ва мубориза бурдан бар зидди ин зуҳуротро таъкид мекунанд ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар меҳисобанд.

Чун ниёгони мо дар осорашон ҳамеша тарбияи инсондӯстӣ, инсонпарварӣ, поктинатӣ ва беғаразиро талқин намудаанд, мавзуи ришваро падидаи зишту нангин дониста, бо он ба шиддат бархурд кардаанд. Саъдии бузургвор, ки ашъораш саросар панду андарз аст, ба инсоният хитоб карда чунин гуфтааст:

Бигӯ он чи донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,

На ришват ситону на ришват бидеҳ.

Ин ҷо, ки аз қабули аснод, таъсиси идораҳо, ашъори бузургон, Паёмҳои Пешвои миллат сухан карда шуд, бояд ёдрас гардид, ки халқи тоҷик аз қадим миллати созанда ва посдорандаи арзишҳои миллӣ буд, баҳри пойдории ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд талошҳо кардаст.

Ҷалилзода Умриҷон – ассистенти кафедраи молия ва ҳисобдории коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ