Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст.

Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Хушзабону хушбаёну хоксор, омӯзгор,

Оқилу заҳматписанду бурдбор, омӯзгор,

Мегирам дар анҷуманҳо номи некӯи туро

Бо камоли эътиқоду ифтихор, омӯзгор!

Муаллим – ақл, шараф, виҷдон ва олами ботинии инсонҳоро ҷон бахшида, тарбия менамояд. Дар дунё ду офтоб аст, яке офтоби табиӣ, ки бо нури ҳаётбахши хеш табиатро ҷон мебахшаду дигаре муаллим. Муаллим офтобест, ки бо нури рӯҳпарвари худ даҳрро яксар рӯшан мекунад.

Вақте калимаи устодро ба забон меорам, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мешавад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро муррабӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд:

Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба кас омӯзад.

Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Оре, омӯзгор дар ҳама давру замон барои ҳар як шахс манбаи дониш, ақлу заковат ба ҳисоб маравад. Омӯзгор барои мо қуллаи нурест, ки тамоми самтҳои пешравии касбу кори олам аз он маншаъ мегиранд. Дар ҳақиқат ҳам, омӯзгор касби пуршараф, шахси боэътимоди ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро агар инсоният бо ақлу дониш ва бо заҳматҳои шабонарӯзии худ табиатро дигаргун созад, аммо омӯзгори ботаҷриба, дурандеш, масъулиятнок бо донишу маҳорати волои хеш метавонад табиати ҳар як шахсро дар ин ё он ҷодаи ҳаёт ташаккул диҳад. Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.

Барои омӯзгорон дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва пешвои муаззами миллат, баҳри пешбурди фаъоляти пурсамари таълимӣ – илҳому нерӯи тоза мебахшд. “ Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадам замон гарданд.” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Омӯзгор шахси нерумандест, ки инсонро аз хурдиаш тарбия ва баъд ба омӯхтани илму адаб раҳсипор намуда, ӯро то ба зинаҳои баланд расиданаш ҳамроҳӣ менамояд. Омӯзгор шахси барумандест, ки ба мисли падару модар мунису ғамхор ва дурандешест, ки дар замири кас олами маъниро меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:

Хаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар яки инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст.

Оре:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Холиқназар Азимов – муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ