Дар байни ҳуқуқу озодиҳои асосии шахсӣ, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он афзалият медиҳад, ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон аст.
Ташаккули давлати хуқуқбунёд ва инкишофи ҷараёни дунявикунонӣ дар Тоҷикистон низ масъалаи татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар маркази диққати давлат ва аҳли ҷамъият гузоштааст, ки ин комилан табиист. Таваҷҷуҳи зиёд ба мушкилоти озодии виҷдон, ки яке аз арзишҳои асосии инсонӣ, ҷузъи ҷудонашавандаи озодии шахсии шаҳрвандон буд ва боқӣ мемонад.
Мушкилоти озодии виҷдон аз нигоҳи аҳамияти иҷтимоии худ танҳо давлатию миллӣ буданро, ки бо Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои умумии демократӣ алоқаманданд, маҳдуд накардаанд. Ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятии муосир онҳоро бо проблемаҳои бунёдии афкори фалсафӣ дар як саф гузошта, принсипи дар таърих муқарраргардидаи баррасии масъалаҳои озодии виҷдон аз призмаи муносибат ба дин, ба мақсад мувофиқ будани истифодаи васеи назария ва методологияи омӯзиши диншиносиро муайян мекунад. Аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ таъмини озодии виҷдонро бо мушкилоти таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ алоқаманд мекунанд. Аммо ин принсипҳо ҳамчун идеалҳое боқӣ мемонанд, ки дар баробари рушди тафаккури сайёра амалӣ мешаванд. Шароитҳои таърихии ташаккули сохторҳои давлатӣ, анъана ва тарзи зиндагии мардум, муносибатҳои иҷтимоӣ ва дигар омилҳо сатҳи таъмини озодии виҷдонро дар давлатҳои гуногун муайян мекунанд.
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки мафҳуми «озодии виҷдон» мафҳуми бисёрҷанба мебошад. Муҳаққиқони ин мафҳум ҷанбаҳои зиёди озодии виҷдонро таъкид мекунанд: фалсафӣ, ҳуқуқӣ, сотсиологӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра.
Фаҳмиши муосири озодии виҷдон аз он иборат аст, ки дар ҷомеа чунин ҳуқуқу озодиҳои демократӣ, ки озодии шахсро нисбат ба дин, озодии эътиқод ва имкони зуҳури онҳо дар амалу кирдор бидуни зиён ба дигарон ва ҷомеа кафолат медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ оид ба мавқеи озодии виҷдон дар низоми ҳуқуқи инсон якдилона вуҷуд надорад. Фикру мулоҳизаҳои ҳуқуқшиносонро таҳлил намуда, дидан мумкин аст, ки масалан, ҳуқуқшинос М.В. Баглай озодии виҷдонро ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ мешуморад, дигарон В. Перевалов ва В.И. Леушин — ба хуқуқхои маданӣ. Доктори илмҳои ҳуқуқ Ф. Рудинский ҳуқуқ ба озодии фикр, виҷдон ва динро ҳамчун ҳуқуқҳои гражданӣ (конститутсионии шахс) тасниф мекунад.
Мафҳуми «озодии виҷдон», ҳуқуқи шахс барои бовар кардан ба Худо мувофиқи таълимоти ин ё он дини озодона интихобшуда ва ҳамчунин атеист буданро дар назар дорад.
Бо таҳлили сарчашмаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки «Модели назариявӣ-ҳуқуқии озодии виҷдон, дарки озодии виҷдонро аз ҷихати объективӣ ва субъективӣ дар бар мегирад. Озодии виҷдонро ба маънои объективӣ метавон ҳамчун системаи меъёрҳои ҳуқуқие тавсиф кард, ки қонунгузории озодии виҷдонро дар давраи муайяни таърихии ин ё он кишвар ташкил медиҳанд.
Озодии виҷдон ба маънои субъективӣ ин имкониятҳо, ҳуқуқҳо, даъвоҳои мушаххасе мебошад, ки дар асос ва дар доираи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ба вуҷуд меоянд, яъне инҳо ваколатҳои мушаххаси субъектҳое мебошанд, ки аз таваллуд ба онҳо тааллуқ доранд ва ба андозаи муайян вобастаанд, аз рӯи ирода ва шуури онҳо, махсусан дар раванди истифодабарӣ.
Ҳуқуқи субъективӣ ба озодии виҷдон – меъёри рафтори имконпазири (иҷозати) шаҳрванд дар доираи низоми зикршуда (шахс – дин – иттиҳодияи динӣ – давлат), ки асосҳои ҳуқуқии озодии шахсияти муайян менамояд, мебошад».
Моҳияти бисёрҷанбаи озодии виҷдон пешакӣ муайян мекунад, ки вай объекти тадқиқоти илмҳои гуногуни ҷамъиятшиносӣ мебошад. Пас, вақте, ки мо дар бораи озодии виҷдон ба маънои ахлоқӣ сухан меронем, мо пеш аз ҳама озодии инсонро дар соҳаи муносибатҳои ахлоқӣ, имконияти амал кардан аз рӯи амри виҷдон, бе вайрон кардани меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқиро дар назар дорем. Муносибат ба дин дар ҷомеаи муосир ҳарчанд муҳим аст, аммо танҳо як паҳлӯи ин мушкилот аст.
Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ озодии виҷдон, арзиши маънавӣ, неъмати муҳими иҷтимоӣ мебошад, ки ҷомеа дар натиҷаи рушди таърихӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин маврид он ҳамчун як ниҳоди иҷтимоӣ, як навъи рафтори инсон дар соҳаи муносибатҳои идеологӣ ва динӣ баррасӣ мешавад. Дар истилоҳоти сиёсатшиносӣ, татбиқи озодии виҷдон яке аз ҷанбаҳои демократия мебошад.
Мазмуни ҷамъиятию сиёсии онро хусусияти сохти ҷамъиятӣ, характери ҳокимияти давлатӣ, режими сиёсӣ, дараҷаи тараққиёти илм ва фарҳанг, мавқеи дин дар ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҷамъият, анъанаҳои таърихӣ муайян мекунад. ки дар ин ё он мамлакат мавҷуданд. Аз лиҳози фалсафӣ озодии виҷдон ҳамчун категорияи фалсафӣ ва ахлоқӣ имкони амал кардани ҳар як шахс мувофиқи андешаҳои худ дар бораи одилонаву ноадолатӣ, некиву бадӣ, ҳуқуқи мардум дар бораи ҷаҳон ба тарзи фикрронӣ дониста мешавад, аз ҷумла бо мавқеъҳои дин, инчунин мувофиқи ақидаҳои худ дар бораи ҷахон амал кунанд.
Саломова Меҳрангез – ассистенти кафедраи молия ва ҳисобдории коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ