Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикаро яке аз соҳаҳои муҳимтарини пешбурди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар маънидод намуда, гуфтааст: “Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад.”

Хидматҳои бузурги Пешвои миллат дар баробари роҳбари сулҳофарину ваҳдатсоз будан, инчунин муаллиф ва ҳидоятбахши барномаҳое, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар боис гардидаанд ва мегарданд, хеле дурандешона ва манфиатбхшанд. Аз ҷумла дар соҳаи энергетика низ. Рисолае, ки дар даст доред ба сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки боиси рушди соҳа гардидаанд, бахшида шудааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули фаъолияти сиёсии худ соҳаи энергетикаро ҳама вақт афзалиятнок шуморида, ба тараққиёти он аҳамияти махсус медиҳад.

Сарвари давлати мо чун сиёсатмадори мумтоз албатта аз имкониятҳои энергетикӣ, махсусан гидроэнергетикии кишвар, хеле хуб огоҳ мебошад. Пешвои миллат таъкид менамояд, ки Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба рушди саноат, кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна таъсири бузург мерасонад.

Дар воқеъ энергетика соҳаи муҳимтарин, соҳаи базавӣ саноат ва иҷтимоиёт умуман иттилооти хоҷагии халқ ба шумор рафта, танҳо зимни рушду тараққиёти он метавон ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ ноил гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузург нерӯи барқи обӣ дар тамоми олам машҳур аст ва ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали давраи Шуравӣ аз худ кардани ин захираҳо шурӯъ шуда буд. Воқеан ҳам, кишвари мо, ки дорои захираҳои азими нерӯи барқи обист, метавонад дар таъминоти ҳам дохилии худ ва ҳам тамоми минтақа нақши калидӣ дошта бошад.

Бояд қайд намуд, ки дарёҳои тезҷараёни кӯҳӣ манбаи азими захираҳои гидроэнегетикии кишвари мо ба шумор меравад. Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат дар дунё дар ҷои 85-ум, вале аз рӯи захираҳои потенсионии барқи оби (гидроэнергетика), баъд аз Хитой, Россия, ШМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ҷои 8-умро ишғол менамояд дар Осиёи марказӣ аз рӯи ин нишондод кишвари мо ҷои аввалро ишғол менамояд. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояи наздиктаринамои Қирғизистон қариб 5 баробар зиёд мебошад. Захираҳои потенсиали барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи ҳисоби мутахассисон 527 млд кВт.соат-ро ташкил медиҳад. Лекин мо аз захираҳои умумӣ ҳамагӣ 4,4%-ро истифода менамоем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мавҷудияти захирахҳои энергетикӣ дар кишварамон аз солҳои 20-30-и асри гузашта сар карда, мавриди омузишу тадқиқот қарор гирифта буд. Ин буд, ки аз он солҳо сохтмони НБО оғоз ёфтанд ва он тадриҷ, тули солҳои аҳди Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон дар минтақа ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати истеҳсоли нерӯ ҳамчун давлати барқ мутараққӣ табдил ёфт.

Сарвари давлат аз солҳои нахустини фаъолият ба рушди соҳаи энергетика диққати махсус медод. Ба ҳайси Сарвари давлат яке аз аввалин сафарҳои кории ӯ, рӯзи 14 марти соли 1993, ба НБО-и Норак баргузор шуд. Он рӯз кормандонип ин нерӯгоҳ, ки маркази асосии истеҳсоли барқи кишвар ба шумор меравад, сӯҳбати гарму самимӣ барпо гардид. Сарвари давлат энергетикҳоро р\ҳбаланд намуд, ки Ҳукумати кишвар ва шахсан худи ӯ ба қадри ин иншооти муҳимтарини энергетикӣ ва ҳар як корманди он мерасанд. Ҳамин тавр ҳам шуд: Бо дастури Пешвои миллат аз соли 2006 таҷдиди нерӯгоҳи барқии обии норак оғоз ёфт. То ин дам дар иншоот корҳои азнавсозӣ идома доранд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон охири соли 1936 ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз намудааст. Агрегати нахустини НБО-1-ро соли 1936 ва дуюмаш соли 1937 ба кор даромадааст. Аз ду агрегати иқтидорашон 3720 кВт, ҷамъ 7440 кВт иборат буд. Неругоҳи “Варзоб-2” соли 1949 ба кор оғоз намудааст. Аз ду агрегати иқтидорашон 7200 кВт, ҷамъ 14400 кВт иборат буд, ки ба системаи энергетикӣ тавассути ХИБ-35 кВ пайваст аст. Неругоҳи “Варзоб-3” соли 1952 ба кор оғоз намудааст. Аз ду агрегати иқтидорашон 1760 кВт, ҷамъ 3520 кВт иборат буд, ки ба системаи энергетикӣ тавассути ду хати интиқоли барқи кабелӣ, ки ба РУ-6 кВ “Варзоб-2” интиқол дода мешавад. Ҳамин тариқ, дар солҳои 70-80-90-ум бошад, силсиланерӯгоҳҳои барқии обӣ дар дарёи Вахш бунёд ёфтаанд, ки бузургтаринаш НБО-и Норак мебошад. Дар давраи истиқлолият бошад, сохтмони бузурги аср, НБО-и Роғун идома дорад, ки дар рушду нумуи соҳаи энергетика ва истилолияти пурраи энергетикӣ нақши калонро мебозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нерӯи соҳаи энергетика, махсусан барқии обиро яке аз рукунҳои асосии иқтисодиёт мешуморад. Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодиёти ҳар як давлат рушду соҳаи энергетика мебошад таъкид карда буд, Президент дар шаҳри Роғун ҳангоми суханронӣ дар расми тантанавии оғози нави ин сохтмон. Дар воқеъ маҷмааи гидроэнергетикаи “Роғун” иншооти бузургтарини барқии дарёи Вахш ба шумор рафта танзими бисёрсолаи маҷрои дарёро муайян месозад.

Баробари ин ҳама, рушди соҳаи энергетика бунёду таҷдиди инфирасохторҳои хизматрасон ва интиқоли барқ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ-и “Ҷануб-Шимол” ва 220 кв-и “Лолазор-Хатлон” аз тадбирҳои хеле дурандешона ва оқилон буд, ки дар солҳои истиқолияти давлатӣ дар кишвари мо амалӣ гардидаанд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кормандони соҳаи энергетика ҳама вақт ҷаҳд талош доранд,ки бо назардошти ин талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд.Тавре маълум аст, неругоҳҳои бузург ва миёна дар муддати чанд сол бунёд меёбанд ва ҳоло дар мамлакат амалӣ гавштани як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқии обии “Роғун”, “Шуроб”, “Нурободғ1”, “Нуробод-2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санаобод” ва “Себзор” дар назар дошта шудаанд, ки онҳо имконият фароҳам меоранд, таъминот бо барқ аз талабот бо барқ пеш гузарад. Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии кишвар яқин масъалаи норасоии нерӯи барқ дар солҳои наздик пурра ҳалли худро меёбад ва ташкил ёфтани бозори байналмилалии барқ, ки бо оғози бунёди “Лоиҳаи “САSA-1000” сӯи қадами ҷиддӣ гузошта шуд, ба олн мусоидат менамояд, ки энергетикаи тоҷик ба тамоми ҷомеи мо манфиатбахш мегардад.

“САSA-1000” аввалин тарҳи муштараки байни минтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад. Ин тарҳ норасоии нерӯи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон шудани расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маънои онро дорад, ки дар кишвари мо бо рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, энергетикаи тоҷик низ дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври рӯзафзун эҳсос менамояд, ки ин ба пешрафти муназзами соҳа мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорони факултаи энергетика ва техникаи тиббиро зарур аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои Муааззами Миллат амал намуда, барои рушду нумуи ин соҳаи муҳимтарини мамлакатамон кадрҳои баландихтисосу дар бозори ҷаҳонӣ рақопатпазирро тарбия намоем.

Муродов Холаҳмад – муаллими калони кафедраи электроэнергетикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ