15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи эҷоди назм омӯзгори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Давлатова Фарида сазовори ҷойи 2-юм гардида бо маблағи 25000 сомонӣ, бо диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар ҳузури ҳайати Шӯрои олимон Давлатова Фаридаро барои ғолияташ дар ин озмуни бонуфуз табрику таҳният гуфта, барои фаъолияти илмию эҷодиии ояндааш ва саҳмгузорӣ ба рушди илму фарҳанг муфаввақиятҳо таманно намуданд.