Санаи 15-уми феврали соли 2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  конференсияи илмӣ бахшида ба «Бистсолагии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар мавзӯи «Математика илми созанда» ва ҷамъбасти ҳафтаи фаннӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур  бо иштироки фаъоли донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи фанҳои номбурда ва донишҷӯёни фаъоли гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт. Ёдрас гардид, ки ҳайати омӯзгорони кафедраи математика ва информатика бо ҳамроҳии донишҷӯёни гурӯҳҳо дар ҳафтаи сипаригардида як қатор чорабиниҳо аз қабили: дарсҳои намунавӣ, омода намудани мақолаю дастурҳои методӣ, чайнворду кросвордҳоро пешниҳод намуданд, ки хеле ҷолиб буданд. Дар ҳар яки онҳо роҷеъ ба роҳу усулҳои аз худ намудани илмҳои дақиқ, аз ҷумла, математика суханҳои шахсиятҳои бузург дарҷ гардида буданд.

Сипас,   донишҷӯи курси дуюми шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ   Юсупова Марям дар мавзӯи «Мубрамияти омӯзиши фанни  математика» баромад намуда, оиди моҳияти омӯзиши илмхои дақиқ, мавқейи фанҳои мазкур дар пешрафти тараққиёти соҳаҳои мухталифи кишварамон маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки миллати фарҳангсозу мутамаддини мо дар тамоми давраҳои таьрихи давлатдориву шаҳрнишинии хеш дар самти илми риёзӣ наќши омӯзандаро нигаҳдорӣ мекард, ки аз он на танҳо худ, балки то ҳоло дигарон низ барои рушди инкишофи кишварҳои худ истифода мебаранд. “Қобуснома”-и У. Кайковус яке аз пандномаҳои аввалини асримиёнагӣ буда, тасвири масъалаҳои ҳисобу китоб, ҳимматбаландию сариштакорӣ, омӯзиши касбу ҳунар, ташкили хоҷагии хонагӣ,  тарзу усулҳои тиҷорат, харидани манзил ва замин, ҷамъ овардани мол, нигоҳ доштани амонат, маслиҳат дар хусуси тақсими даромад, андухти амвол ва маблағро дар бар мегирифт.

Мутафаккирони бузурги форсу тоҷик Ал-Хоразмӣ, Ал-Берунӣ ва дигарон пешоҳангони илми риёзӣ ба ҳисоб рафта, барои замина гузоштан дар илмҳои дақиқ нақши созгор доранд.

Мавсуф дар идомаи баромадаш илова намуд, ки имрӯзҳо низ барои рушду нумӯи ин фанҳо ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан баъди пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-юми декабри соли 2019 дар Паёми худ ба ба аъзои Маҷлиси миллӣ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолагии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон дошта буданд, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар Коллеҷи мо низ шавқу рағбати донишандузӣ нисбати фанни математика, физика, химия ва информатика зиёд гардидааст.

Масъулони чорабинӣ, омӯзгорони кафедра: Гулмаҳмадов С., Хоҷаева Қ.М., Нуров А.С. барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани конференсияи илмӣ толори ин чорабиниро бо овезаҳои навиштаҷотҳои математикӣ, расмҳои олимони риёзидон, кроссворду ребусҳо ва асбобу ашёҳои ифодакунандаи шаклҳои геометрӣ хеле хуб оро дода буданд.

Дар рафти кори конференсия мусобиқаи байни гуруҳҳои «Ал-Хоразмӣ» ва «Ал-Берунӣ»   пешниҳоди ҳозирин гардид. Мусобика аз руйи шартхои  гуфторҳо дар бораи илми риёзӣ, зудтар навиштани формулаҳо, чавоб додан ба саволҳои ҳайати ҳакамон гузаронида шуд.

Дар фарҷом, кори конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия – Азимов Х. Ҳ.   ҷамъбаст  намуда,  ғолибони чорабиниро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.

 Бахши матбуот 


0 Comments

Leave a Reply

Avatar placeholder

Your email address will not be published. Required fields are marked *