Муҳтарам бонувони коллеҷи техникӣ, ҳозирини арҷманд!

Мо дар арафаи ҷашне қарор дорем, ки барои ҳар яки мо азизу муътабар, бузургу фаромушнашаванда ва  муқаддастарин  ҷашн – Рӯзи  Модар аст, чунки зери ин калима чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз ин мавҷудот, азизтару меҳрубонтар ва покизатар аз он шахсе нест. Тамоми ҳастию вуҷуди мо аз ӯст, зеро пас аз Офаридгор модар офарандаи мост.  Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷоннисории модар мо ба дунё омада, Одам ном гирифтем. Вақте, ки мо калимаи модарро ба забон мегирем, пеши назар шахсе намудор мешавад, ки аз чашмонаш нур меборад ва ин нур ба мо роҳи ҳаёти ояндаро равшан мегардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ситоиши зан –модар гуфтаанд: «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, балки бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад».

Дар ҳақиқат, модар фариштаи зиндагӣ, ишқи заминӣ, олиҳаи офарандаи накӯиву умрбахшоӣ, офтоби ҷаҳонтоб, пайвандгарӣ наслҳову асрҳо, муқаддастарин муъҷиза, арзандатарин сарват ва нуру чароѓи хонадон аст.

Боиси хушнудист, ки дар муассисаи таълимиамон 157 –нафар занон, аз он ҷумла 5-нафар  номзади илм ва 8 – нафар муаллими калон ба таълиму тарбияи мутахассисони оянда ва ба  корҳои тозагию ободонӣ  машѓуланд, ки аз фаъолияти пурсамари онҳо роҳбарияти коллеҷ миннатпазир аст. Дар ихтисосҳои дар коллеҷ амалкунанда 615 –нафар духтарон таҳсил доранд. Аксарияти занону духтарони коллеҷ дар чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ,  озмуну конференсияҳо ва  мусобиқаҳои варзишии сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, обрӯю нуфӯзи муассисаи таълимиамонро баланд бардошта истодаанд.

Маъмурияти коллеҷи техникӣ  умед дорад, ки дар оянда низ занону духтарони муассисаамон дар беҳдошти раванди таълиму тарбия, беҳтаршавии сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони лаёқатнок, аз худ намудани илмҳои замона аҳлона меҳнат намуда, коллеҷи техникиро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар миқёси ҷаҳон машҳур мегардонанд.

Аз ин лиҳоз, сараввал мехостам, ки Шумо, бонувони коллеҷи техникӣ ва дар симои Шумо тамоми занону модарони Тоҷикистони азизро  ба муносибати иди зебову фараҳбахш – Рӯзи Модар сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои неки зиндагӣ, тансиҳатӣ, оромиву субот ва Ватани тинҷу ободро таманно намоям.

Дар фарҷоми сухан аз забони шоир гуфтаниям:

Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.

Ташаккур ба диққататон!


0 Comments

Leave a Reply

Avatar placeholder

Your email address will not be published. Required fields are marked *