Санаи 5 – уми марти соли 2022 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар ғанимат аст” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки меҳмонон: Гулрухсор Сафиева – шоира, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мастона Эргашева – сарояндаи халқии Тоҷикистон, Асрорзода Убайдулло – Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, маъмурият ва омӯзгорону донишҷӯён коллеҷи техникӣ баргузор гардид.
Холматов Р.Б. Директори коллеҷ занону модарони коллеҷро бо суханони гарму самимӣ ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо шукургузори аз офтоби софу осудагии мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модар дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳақиқат, модарон ободии хонавода, дунёи маънавиёти оила, маърифати фарзандон, қадру манзалати шавҳар, пойдориву устувории оила аст:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори дигаре ҳаст.
Агар чанде зи занҳо пайғамбаре нест,
Ҳама пайғомбаронро модаре ҳаст.
Сипас, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева дар баромадаш қайд намуд, ки модар худ як муҷизаи олам ба ҳисоб меравад. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад, зеро меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.
Шоир гуфтааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор кормандон ва донишҷӯёнро бо Рӯзи модар табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дароз ва барои омӯзгорон корҳои бобарор ва барои донишҷӯёни даврони истиқлол хониши аъло таманно намуд.
Тибқи сенарияи қисмати фарҳангии чорабинӣ бо шеъру сурудҳо дар васфи зан модар бо иштироки сарояндаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мастона Эргашева ва саҳначи ҷолиб аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардид.
Баъд аз анҷоми чорабинии фарҳангӣ кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок намудаанд бо ифтихорномаҳои директор қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши матбуот