ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ ХОЛМАТОВ РУСТАМ БУРАНОВИЧ БАХШИДА БА 25 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Муҳтарам ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, кормандон ва донишҷӯёни арҷманд бо самимияту эҳтироми бепоён Шуморо ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор, тинҷию оромӣ ва комёбиҳои беназири меҳнатиро таманно менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: «Миллати мо дар сурате номдор, давлатамон дар сурате пешрафта ва ҳар як фарди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош варзем».
Ҳар як фарди Ватани маҳбубамон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, якпорчагии Тоҷикистон, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мост ва маҳз бо талошу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон гардидааст.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо шодию нишот, саодати рӯзгор, номи нек ва фазои сулҳу осоишро орзумандем.
Ҷовидон бод ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон!
Бо эҳтирому самимият, Директори коллеҷи техникӣ Холматов Р.Б.