Санаи 23.11.2022 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам – ливои мо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Гулаҳмадзода Зулфиқор – вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкурро директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ муҳтарам Холматов Рустам Буранович ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хуш омадед намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, комёбиҳои беназирро таманно намуд. Дар суханронии худ директор аҳамияти парчамро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ифодаи ҳисси садоқат ба ватан қайд намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар Партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои глобалии он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор гирифт.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири озодии сарзамини аҷдодӣ раҳнамо месозад.