Санаи 25.11.2022 тибқи нақшаи чорабиниҳо дар толори китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ озмуни «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат» дар байни донишҷӯёни факултетҳои коллеҷ баргузор гардид.
Мақсади баргузории озмуни мазкур ҷалби бештари ҷавонон ба омȳзиши осори Пешвои миллат бо мақсади ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, ҳисси ватанпараситву ватандȳстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона мебошад.