Ҳамватанони азиз, бо самимияту эҳтироми бепоён Шуморо ба муносибати ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, бурдборӣ, хонаободӣ, хушиҳои рӯзгор, тинҷию оромӣ ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.
Дар давоми 32 соли Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзхои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатхоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад, ва барои ҳастии он чоннисорӣ мекунад.
Истиқлолият шараф ва номуси њар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеи ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Боиси ёдоварист, ки маҳбубият ва маъруфияти Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқи кишвар ва ҳазорон ҳамватанони бурунмарзӣ аз барқарории Сулҳ ва Вахдати миллї аст, ки пойдевори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар гардонидаанд.
Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 32 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Итминони комил дорем, ки дар ин даврони пурифтихори соҳибватанӣ орзуву омол, ниятҳои наҷиб, нақшаҳои некатон дар самти рушди устувори иқтисодӣ, ободиву созандагии Ватани азизамон ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият амалӣ мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: Ба хотири ҳифзи неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба, саъю кушиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».
Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии шумо бошад!
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо эҳтирому самимият, директори коллеҷи техникӣ Саидзода М.М.