Санаи 05.04.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ – маърифатӣ дар мавзӯи “Пешгирии ифротгароию терроризм омили муҳим дар рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки дар олами муосир хатари терроризм ба гуруҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳад намуд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Сипас, тибқи рузномаи чорабинӣ, муовини директор оид ба тарбия – Сафаров Илҳом, декани факултети муҳандисию омӯзгорӣ – Ғуломесупов Нусайрӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Бо дарназардошти хатари бениҳоят пуршиддат, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ва ин ҳам бошад зуҳури терроризм ва экстремизм мебошад, чорабиниро бо мақсади пешгирии ҷавонон аз роҳҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо басо ба маврид арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ асистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Шодмонов Хуршед ва Рауфзода Комронҷон баромад намуда оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, қайд намуданд, ки ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид гашта, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ дар мубориза алайҳи ин падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.