Санаи 12.04.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 дар мавзӯи: «Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон:
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовуддинови АМИТ, Қодирзода Тоҳир Қамар – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмӣ ва Раҳмонов Мурод Наимович – докторанти шуъбаи сиёсии институти болозикр ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия маърӯзачиён: Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – д.и.ҳ., профессор, дар мавзӯи: “Масоили ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ”, Ќодирзода Тоҳир Қамар – н.и.ҳ. дар мавзӯи: “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Раҳмонов Мурод Наимович дар мавзӯи: “Маърифати комили ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеаи муосир, кафили ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар сохти локалӣ ва глобалӣ ”, Рауфзода Комронҷон – асисстенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ дар мавзӯи: “Нақши ҳуқуқҳои инсон дар ташакули ҷомеаи шаҳрвандӣ ”маърӯза намуданд.
Зимни баромад, маърӯзачиён қайд намуданд, ки
баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳаммияти хоса пайдо менамояд. Қайд карда шуд, ки давоми солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки
маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд.