Санаи 24.04.2024 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 март садо дода буд, донишҷуёну кормандони коллеҷи техникӣ бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ходимону фаъолони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон: Мирзозода Ғиёсидин – судяи суди ноҳияи Шоҳмансур, Иброҳимзода Гулгина ва Ализода Шаҳноза – судяҳои суди ноҳияи мазкур, Ахмедов Раҳмоналӣ – сармутахассиси бахши дин танзим анана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон Ҳакимова Раҷабгул – мутахасиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки тақвияти вазъи корҳои маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст.