Санаи 04.09.2024 директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ доктори илмҳои техникӣ и.в., профессор Саидзода Масрур Мирзохон бо мақсади шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо хориҷи кишвар дар ҳузури

меҳмонон аз Ҷумҳурии Тотористон, аз ҷумла Поминов А.И.- муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористон, Тазетдинова К.А.- муовини вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон, намояндагони як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тотористон вохурӣ намуда, оид ба фаъолияти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ баромад намуд.

Дар рафти вохурӣ меҳмонон ба Саидзода М.М. бо мақсади зиёдтар шиносоӣ пайдо кардан оид ба фаъолияти коллеҷи техникӣ, саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда намояндагони Ҷумҳурии Тотористон иброз намуданд, ки омодаанд бо коллеҷи техникӣ ҳамкориҳоро хубтар ба роҳ монанд.