Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия директори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон дар Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Россия бо хатмкунандагони коллеҷи техникӣ, ки айни замон дар доираи шартномаи дутарафа дар курси 1-уми донишгоҳи мазкур дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба идомаи таҳсил фарогирифташудаанд, вохӯрӣ намуд.
Қобили қайд аст, ки коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Россия ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зерин созишнома ба имзо расонидааст:
1) Таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар соҳаи маориф.
2) Ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили фаъолияти илмию таълимӣ.
3) Гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи маориф, татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ.
4) Иштироки мутақобила дар гузаронидани лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба.