«Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегии рушди «Иқтисоди сабз» ҷараёни бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ро тезонида дар натиҷа, тавлиди энергияи сабзро Ҳукумати мамлакат ҳадафи асосии худ гузоштааст.»

Эмомалӣ Раҳмон

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «иқтисоди сабз» ҳамчун истилоҳи нав марҳилаи нави рушди иқтидори иқтисодии мамлакат вобастаги аниқ пайдо намуда, ин раванд дар ояндаи наздик ба бахши калидии иқтисодиёт табдил ёфта истодааст.

Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, таи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди сабз вирди забони олимону сиёсатмадорон мечархад. Бо ин мақсад дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегии рушди «Иқтисоди сабз» ҷараёни бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ро тезонида дар натиҷа , тавлиди энергияи сабзро Ҳукумати мамлакат ҳадафи асосии худ гузоштааст.

Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ моҳияти иқтисоди «сабз»-ро ба маънои мухталиф фарқ кунонида ба якчанд гуруҳҳо ҷудо намудаанд. Бархе чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Бархе дигар чунин ақида доранд, ки ҳамчун технологияҳои нав ва як навъи экосистема ба кӯмаку фоидаовар ба табиат мусоидаткунанда. Гуруҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технологияи тоза ё «сабз» асос ёфтааст.

Таърих гувоҳ аст, дар тақдиру толеъи инсоният ҳеҷгоҳ монанди имрӯз барои рушду инкишоф додани сохтори афкору андеша имконият фаро нарасида буд. Тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз як қатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ инсониятро ба ташвиш оварда, олимон мутаххасисону сиёсатмадорон барои бартараф намудани онҳо ғояҳои рушдро пешниҳод менамоянд, ки яке аз онҳо маҳз иқтисоди сабз аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз» равона карда шавад.

Раванди пешрафти «иқтисоди сабз» идомаи мантиқии рушди устувор буда, дар фарқият аз рушди устувор ҳамбастаги унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос менамояд. Инчунин гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаи фоизии истеҳсоли «нерӯи сабз» дар ҷаҳон ҷойи 6 –умро мегирад, ки барои иқтисодиёти кишвар дар солҳои минбаъда таккони ҷиддӣ хоҳад дод. Аз ин лиҳоз бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои «иқтисоди сабз» Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, корбарӣ дар ин самт аз ҷониби мақомотҳои дахлдор роҳандозӣ гардида истодааст.

Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Чунки, маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз фурсат истифода карда, мо низ дар тақвияти андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданӣ ҳастем, ки албатта, амалисозии тадбирҳои баррасишуда имкон медиҳанд, ки равнақи зарурии ҳамаи соҳаҳои «иқтисоди сабз» асосноку баробар таъмин шаванд. Ҳамзамон бо боварӣ гуфтан ба маврид аст, ки амалисозии чунин тадбирҳо воқеӣ аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳолати иҷроиши тадбирҳои зикргардида рушди «иқтисоди сабз»-ро таъмин намуда, истеҳсолу молу маҳсулотҳо ва хизматҳои ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок ба роҳ монда шавад. Моро водор месозад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбуби кишварамонро сармашқи кори худ қарор дода, барои ободии сарзамини худ, инчунин, чавоноро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ ва додани донишҳои амиқи иқтисодӣ камари ҳиммат бандем.

Қадриддин Суфиев – ассистенти кафедраи қтисодиёт ва идораи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ