Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо камоли эҳтиром, дар ин рӯзҳои хуҷаставу фархунда, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям.
Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии шоиставу арзанда муҳайё созанд.
Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар кишвар поянда бошад.
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.
Бори дигар омӯзгорон, кормандону донишҷӯён ва сокинони сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.
Бо эҳтирому самимият директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Саидзода Масрур Мирзохон