Рузи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,

Пос дорам, мисли модар номи некат эй Ватан.

Дар ҳақиқат, Ватан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳумаш тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат ҷойгузин мебошанд. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи пайвандонашро дӯст дорад, ба он муҳаббат ва садоқати беназир дошта бошад ва арзишҳои миллиашро ҳифз намояд. Мо тоҷикон сарфароз аз он бошем, ки кишвари соҳибистиқлол дорем. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки Тоҷикистони чун як кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф шуд ва дорои рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил гардид. Ифтихор аз он барем, ки дар чунин кишвари ободу, зебо ва осоишта ҳаёт ба сар мебарем. Миллати мутамаддини тоҷик таърихи беш аз ҳазорсола дорад, ки ин нишонаи ибтидоии ватандорист. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад». Яъне, имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки тоҷикон бо эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд.

Таҷрибаи таърихи башар собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои мусаллаҳи хеш мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва ҳамзамон Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлолиятро дар бар мегирад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии миллат ва манфиатҳои миллӣ низ мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм ва экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ, алалхусус артиши миллӣ зарурияти ҳар давру замон ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, ҳамчун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 34 соли Истиқлолияти давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигармасъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад.

Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввали ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститусионӣ, ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.

Аз хотир бояд набаровард, ки солҳои 90-уми Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон доданд, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба истиқлолият расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Мутаасифона дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифта буд. Бо сабаби бӯҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муясар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Артиши миллии кишвар ташкил карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиашон баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллатдар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал ба як қувваи бузург табдил ёфт.

Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавоноро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавли насли ояндасози кишвар омили дар боргоҳи таърих боқӣ мондани давлату миллат шуда метавонад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама аз таъмини амният дар сарҳади марзу буми кишвар вобастагии зиёдеро ба бор меоварад. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа низ имрӯз аз хизматчиёни сафи Артиши миллӣ тақозо менамояд, ки зираку ҳушёр бошанд, зеро амнияти тамоми кишвар ва миллат ба онҳо гузошта мешавад.

Ҳамзамон сол аз сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии афсарон ва аскарон, дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар шароити мусоид фароҳам мегардад. Хусусан сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар ба боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини ҳомиёни Ватаназ ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Дар воқеъ нақши Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, суханони болозикр ба хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидаанд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кивари азизамон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо тавонистанд дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқона ва ҷавонмардона адо намоянд.

Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу донишкадаҳо, ҳамчунин ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Чунки ин мактабест, ки ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳими Ватандорӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гаҳвараки чашм ҳифз намоянд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безараргардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шањрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд.

Артиши миллии кишвар баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди кишвар ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарсол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ ба пайваста ба роҳ монда истодааст.

Ҳақиқатан ҳам имрӯз ба чашм расида истодааст, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра нерӯ гирифта ва муҷаҳҳазу мусалаҳ гардида истодааст. Ҳоло Артиши миллии кишвар ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқадасоти миллӣ рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмҳои шамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воќқоту таҳавулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқадас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи хеш қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Артиши миллии худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат ҳисобида мешавад.

Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Сияҳаков Сафаралӣ н.и.т. дотсент, сардори раёсати таълим