Санаи 7-уми майи соли 2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии идона ба муносибати 79-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бо иштироки меҳмонон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ бо ташаббуси факултети энергетика ва нақлиёт таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ фаромуш намешавад” дар сатҳи коллеҷ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Ҷамолов Қобилҷон Ҷамолович – муовини раиси ташкилоти ибтидоии Чернобилчиёни ноҳияи Шоҳмансур, Боев Алиҷон Сулаймонович – раиси комиссияи тафтишотии маъюбони Чернобилчиёни ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ба сухан баромада сараввал омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, меҳмононро муаррифӣ ва чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9-май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.
Сипас, Ҷамолов Қобилҷон ва Боев Алиҷон ба сухан баромада, дар баромадашон оиди таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда қайд намуданд, ки аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 79 – умин солгарди ғалабаи бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳояшон онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Дар идомаи чорабинӣ тибқи сенария ба ифтихори 79-умин солгарди ғалаба бар фашизм аз тарафи донишҷуёни факултети энергетика ва нақлиёт суруду таронаҳои тараннумгари Ватан пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардида, табъи онҳоро болида намуд.
Дар фарҷом аз тарафи ташкилоти ибтидоии Чернобилчиёни ноҳияи Шоҳмансур ба раёсати коллеҷи техникӣ ифтихорномаи фахрӣ тақдим карда шуд.