Санаи 06.09.2024 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи “Санои истиқлол” бо иштироки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ баргузор гардид.

Чорабиниро директори коллеҷ доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро табрику муборакбод намуда қайд намуд, ки Ватан мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрӯю эътибори мо шаҳрвандон мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал намуда, дар гулгулшукуфоии давлати воқеии дунявӣ саҳм бигузорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Чуноне, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд : «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ба хотири ҳифзи неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба, саъю кушиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Имрӯз раёсати коллеҷи техникӣ дар баробари иштирок дар чорабиниҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки баҳри таҷлили ин неъмати бебаҳо- Истиқлолияти давлатӣ чорабинии илмӣ-фарҳангиро таҳти унвони «Санои истиқлол» баргузор намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, омузгорону кормандон ва донишҷуёни коллеҷро табрик намуда, дар симои Шумо барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо ва ваҳдату ягонагӣ орзумандам!

Сипас, тибқи сенарияи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳангии коллеҷ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.