Рўзи 28.03.2024 дар шӯъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дарси кушод дар мавзӯи: “Нақши оила дар пешгирии хурофотпарастӣ” бо иштироки кормандони раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ, бахши фарҳанг, омӯзгорону донишҷуён ва хонандагони шуъба баргузор гардид.

Зимни баргузории дарси кушод, мудири бахши фарҳанг Акрамова Нуринисо баромад намуда, қайд намуд, ки оила дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарасти нақши калидӣ дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо онҳо кор баранд, то ки онҳо сараро аз носара фарқ карда тавонанд. Воқеан, хурофот чист ва чаро бояд аз он канораҷўи кард?

Пас, зарур аст, ки волидон ҳама гуна рафтори фарзандонро зери назорат гиранд ва маҳз ба ҳамин роҳ метавонанд дар пешгирии хуруфотпарасти нақш гузоранд. Боиси ёдоварист, ки хурофот дар зеҳни инсон дар натиҷаи ноогоҳии инсон аз робитаҳои байни ҳодисаҳо ва падидаҳои олами зуҳур намуда, аз лиҳози илми исботнашаванда аст. Дар ин росто, хулосаи мантиқи баровардан мумкин аст, ки хурофот дар кадом ҷомеае, ки набошад, бештар дар байни афроде густариш ва нуфуз пайдо мекунад, ки камтар таҳсил кардаанд ё сатҳи донишу маърифати илмиашон паст мебошад.

Дар фарҷоми суханронии хеш Акрамова Нуринисо оид ба хурофотпарастӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ қайд намуда, мазмуну муҳтавои мисраҳои зеринро ба ҳозирин шарҳ доданд.

ХЕЗ, ТО ХИРҚАИ СУФӢ БА ХАРОБОТ БАРЕМ,

ЗАРҚУ ТОМОТ БА БОЗОРИ ХУРОФОТ БАРЕМ!

Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар баромад намуда, қайд намуд, ки хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат,ҷоҳилии одамон сар мезанад. Он аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ғайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта, одатан бо манфиатҳо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулодаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардида, тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст.

Масъалаи хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ дар яке аз Паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Рамҳмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар он Пешвои миллат аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кардаанд: «Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимои ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Инчунин дар рафти баргузории дарси кушод сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ Саидҷафаров Фазлиддин ва дигар иштирокдорон баромад намуда, оид ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд.

Қайд карда шуд, ки хурофот аз боварии кӯркӯрона ба бофтаю сохтаҳо дар атрофи аҳкоми динӣ низ пайдо мешавад, ки онро хурофоти динӣ маноманд. Иддае аз аъзои ҷомеаи мо, мутаассифона, имрӯз гирифтори хамин гуна хурофот гардидаанд, ки ба рушди инсон, инкишофи илму техника ва пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонад.