Санаи 25.04.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” дар мавзӯи: «Нақши технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон: Зарифзода Сарвар Қаҳрамон – доктори илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи ДонишгоҳимиллииТоҷикистон, Қобилов Шавкат Соибҷонович – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Мавлоназаров Силмон Силтоназарович – номзади илмҳои педагогӣ, профессор, ходими пешбари Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва ҷаҳоншавӣ иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Технологияҳои иттилоотӣ, ки имрӯз сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа муайян мекунанд, ба зудӣ пайдо, ворид ва нопадид мешаванд ва мавқеи худро ба технологияҳои навтар медиҳанд.
Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд. Татбиқи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастагӣ дорад.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия маърӯзачиён: Зарифзода Сарвар Қаҳрамон – д.и.ф. – м., дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи ДМТ дар мавзӯи: «Истифодаи технологияҳои муосири инноватсионӣ аз тарафи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қобилов Шавкат Соибҷонович – н.и.т., дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи: «Условия эффективного использования автоматизированной информационной системы», Мавлоназаров Силмон Силтоназарович – н.и.п., профессор, ходими пешбари Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва ҷаҳонишавӣ дар мавзӯи: «Рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҳимов Фарҳод Ҳасаналиевич – н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи: “Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки
маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд.