Санаи 10.05.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ бо ташаббуси кафедраҳои математика ва информатика, химия ва экология конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” дар мавзӯи: «Омӯзиши паҳлӯҳои муосири илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон: Шарипов Бобоалӣ Шарипович – доктори илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи
математикаи олии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Назаров Аҳтам Пулотович – доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Ҷурабеков Убайдулло Маҳмадсафиевич – номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки
эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдади миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимони соҳаи илмҳои дақиқ, махсусан ба риёзидонони мамлакат рӯҳи илҳоми эҷодӣ бахшид. Ин паём барои мардуми Тоҷикистон, бахусус омӯзандагони фанҳои риёзӣ муҳиму сарнавиштсоз ба шумор меравад.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия маърӯзачиён: Шарипов Бобоалӣ Шарипович – д.и.ф.-м., дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи: “Дар бораи яке аз ҳалли муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ”, Назаров Аҳтам Пулотович – д.и.п., дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи: “Методи Пулот барои арзёбии объективонаи дониши хонандагон”, Ҷурабеков Убайдулло Маҳмадсафиевич – н.и.х., дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи: ” Пайвастагиҳои координатсионии мис (||) бо 1, 2, 4 – триазолтиол” маърӯза намуданд.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки
маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд.