Санаи 09.12.2022 тибқи нақша – чорабиниҳо дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – назариявӣ, бахшида “Рӯзи Байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: Носирӣ Алишер Қаҳҳор – Подполковники адлия, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи агентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Баҳрулло – Лейтенанти калони адлия, нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсияи агентии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Қайд карда шуд, ки коррупсия аз замони қадим то ба имрӯз ҳамчун мушкилоти печида ва мубрами инсоният дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор карда, монеи рушд ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.
Ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дорад, вале то ба имрӯз коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мондааст.
Дар замони муосир низ падидаи мазкур ба худ хусусияти хос, аз ҷумла аз порагирӣ то суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ касб карда, ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии ҷомеаи инсонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Албатта, зуҳуроти коррупсия дар ҳар шакле набошад, боиси заиф шудани сутунҳои давлатдорӣ ва паст гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мегардад ва муқовимат бар зидди ин падида бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа бошад.
Мавриди зикр аст, ки муқовимат бо коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
Аз ҳамаи иштиродорони конференсия, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд дар якҷоягӣ ҳамаи мову шумо бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва корбарӣ намоем.