БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФ” БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2040 ДАР МАВЗӮИ: «ОМӮЗИШИ ПАҲЛӮҲОИ МУОСИРИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ»

Санаи 10.05.2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ бо ташаббуси кафедраҳои математика ва информатика, химия ва экология конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” дар мавзӯи: Read more…

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Санаи 09.05.2024 њайъати кормандону омӯзгорони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД” ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ

Санаи 7-уми майи соли 2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии идона ба муносибати 79-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бо иштироки меҳмонон баргузор гардид. Чорабинии мазкур тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ бо ташаббуси факултети энергетика ва нақлиёт таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ Read more…

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН РУКНИ АСОСИИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТРО ТАШКИЛ МЕНАМОЯД

Санаи 02.05.2024 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва раёсати коллеҷ ҳамоиш таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо Read more…

ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР! Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Шафиева Меҳрона ва Маҳмадов Сулаймон дар соли 2024 “ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” гардиданд. Раёсати коллеҷи техникӣ ба Маҳмадов Сулаймон ва Шафиева Меҳрона ҷиҳати идомаи таҳсилашон бо баҳои аъло комёбиҳо таманно намуда, аз Раиси шаҳри Душанбе Read more…

ҚАДРДОНИИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ барои саҳми арзанда дар ташкилу баргузорӣ ва иштироки фаъолона намудан дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ!

Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ Раҳимов Иброҳим бинобар даргузашти модарашон изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабру шикебоӣ мехоҳад.

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Омӯзгорону кормандони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ: Саидзода М.М., Азимов Х.Ҳ., Ниёзов Ҳ.Ҳ., Сафаров А.Ғ. ва Раҳимов Н.И. аз натиҷаи корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ аз ҷониби ММПИ сазовори нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № TJ 1487 бо номи “Хӯлаи электротехникии алюминий” гардиданд.

ПРЕДСТАВИТЕЛЬ КАЗАНСКИЙ ГОСУДАРСТВЕНЫЙ ЭНЕРГЕТИЧЕСКИЙ УНИВЕРСИТЕТ РОССИЙСКОЙ ФЕДЕРАЦИИ ПРИНЯЛА УЧАСТИЕ В МЕЖДУНАРОДНОЙ КОНФЕРЕНЦИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ  

Доктор технических наук, профессор кафедры «Инженерная экология и охрана» труда Казанского энергетического университета Эльвира Зверева посетила Технический колледж Таджикского технического университета имени академика М.Осими с 18 по 20 марта 2024 в составе российской делегации. Принимал гостей директор Технического колледжа ТТУ, доктор технических наук Саидзода Масрур Мирзохон. Эльвира Зверева, совместно с Read more…