ЗАБОН МУҲИМТАРИН УНСУРИ МУАЙЯНКУНАНДАИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

 

Санаи 5 октябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба муносибати иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат аст” конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи илмӣ-фарҳангӣ намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд.

Конференсияи илмӣ-фарҳангиро муовини директор оид ба илм Азимов Холиқназар ҳусни ифтитоҳ бахшида меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаро бо Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи касбии омӯзгорон муборакбод намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ин ду ҷашни фархунда ва бошукӯҳ табрику таҳният намуда, ба онҳо тани сиҳат, умри дароз, хонаи обод ва дар тарбияи насли наврас, беҳтарин комёбиҳои назаррасо таманно намуд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон мефармояд: ”Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст”. “Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ аз маҳсули ранҷу машаққати шаборӯзии омӯзгор вобаста аст.Аз ин рӯ моро мебояд, ки ба қадри ин суханҳои адибонаву ҳакимонаи ин абармарди роҳи хирад бирасем.

Забони тоҷикӣ аз қадимтарину тавонмандатарин забонҳои ҷаҳон аст, забонест, ки бо он нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Хайём, Саъдию Ҳофиз, Берунию Низомӣ, Мавлавию Ҷомӣ, Робияю Зебунисо, Бедилу Соиб, Носири Хусраву Сайидо, Закариёи Розию Ал-Хоразмӣ, Форобию Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонию Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Донишу Айнӣ, Ғафурову Турсунзода суханварӣ кардаанду асарҳои безаволу оламгир офаридаанд ва ба ин васила ба номи ин забон сиккаи абадият задаанд. Ин мӯҷиби ифтихори мо мебошад ва ин ифтихор ҳамзамон моро вомедорад, ки нисбат ба забони бонуфузи хеш ҳамеша таваҷҷӯҳманд бошем ва аз ҷумла, пайваста баҳри аз ҳама гуна олоишу носаҳеҳӣ нигоҳ доштани он ба ҷон бикӯшем.

 

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиёти миллӣ истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст.

Чун забон рукни асосии миллат ва давлат аст, аз ин хотир Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ Назаров Холназар  ба сухан баромада, ҳамаи иштирокдорони конференсияро бо ҷашни фархундаи забон ва иди касбии омӯзгорон табрик намуд. Пасон оид ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, оид ба мушкилоти мавҷудаи соҳа суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки аз тавсиби Қонуни забон солҳо сипарӣ шуда бошад, ҳам то ҳол оид ба масъалаи забоншиносӣ мушкилиҳо, хатогиҳо мавҷуданд. Барои ислоҳи онҳо бояд ҳамаамон, тамоми ҷомеа даст ба як намоем. Дар ислоҳи навиштаҷоту номгузории маконҳои зистамон бетарафӣ нанамоем.

Устоди кафедраи забони тоҷикӣ Абдуназарова Гулҷаҳон ба сухан баромада, дар мавзӯи “Ҳифзи забони давлатӣ” маърӯза намуд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат, Прензиденти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон оид ба тозагии забон ва пешрафти он чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Инчунин оид ба масоили забоншиносӣ, мавҷуд будани саҳву ѓалатҳои зиёд дар китобҳои дарсӣ, мувофиқат накардани мазмуни китобҳо ба синну соли донишомӯзон андешаҳои худро баён намуд.

Сипас Ҳакими Бохтарӣ – сармуҳаррири рӯзномаи «Навовари ҷавон»-и коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба сухан баромада, оид ба забони матбуоти давр, забони рӯзноманигорону барандагони телевизион фикру ақидаи хешро иброз намуд. Омӯзгоронро низ лозим аст, ки новобаста аз он, ки аз кадом фан дарс мегӯем, бо донишҷӯён бояд бо забони адабӣ гуфтугӯ  намоем.

Ӯ чанде аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  Миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар сохт:

«Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаёт бахшидааст. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ вафарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ваонро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Яъне, бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст».

«Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиён на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошт, балки ѓосибонро маҷбур намуд, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул кунад».

Дар дунё беш аз 6800 забон вуҷуд дорад, ки 24 оиларо дар бар мегирад. Аз Истамбул, Дакани Ҳиндустон, Хитой  то Уйѓур интишори дини ислом ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт.

Забони тоҷикӣ ҳамон забонест, ки «Авесто», «Динкард», «Катибаи бесутун» ба ин забони ширину гуворо навишта шудааст, аз ин рӯ дӯст доштани забон ин дӯст доштани ватан,  дӯст доштани модар ва дӯст доштани таъриху тамаддун аст.

Дар рафти конференсия донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ Исупова  Марям маърӯза намуда, тамоми устодону шогирдони муассисаро аз номи ҳамаи донишчӯён муборакбод намуд.

Қайд кард, ки Омӯзгорӣ пуршарафтарин пешаи рӯйи олам аст. Ҳеҷ кас бе устод дар зиндагӣ муваффақ шуда наметавонад. Ӯ аз ҳаёти мутафаккирони бузург Шамси Табрезӣ ва Ҷалалиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, инчунин дигар устодону шогирдон ёдоварӣ намуда, эътибори устод дар ҷомеаро маънидод кард.

Дар охир, донишҷӯёни муассиса хотири иштирокчиёни конференсияро бо қироати шеърҳо дар васфи забони модарӣ шод гардониданд. Дар охири қисмати илмии конференсия донишҷӯён ба саволҳои худ аз меҳмонони гиромиқадр ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар лаҳзаи фарҳангӣ бошад, донишҷуёни факултети энергетика ва техникаи тиббӣ сурудҳо хонданд. Инчунин, рақс низ дар иҷрои донишҷӯи курси сеюми факултаи технологӣ ба саҳна гузошта шуд.

Дар фарҷоми конференсияи илмӣ-фарҳангӣ 7 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ барои ширкати фаъолона дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангии муассисаи таълимӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи директори коллеҷи техникӣ мукофотонида шуданд.

Шуъбаи илм ва инноватсия

Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ


0 Comments

Leave a Reply

Avatar placeholder

Your email address will not be published. Required fields are marked *