Факултети сохтмон ва роҳсозӣ яке аз факултетҳои сохтории коллеҷи техникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, аӣни ҳол аз рӯи 5- ихтисос мутахассисонро таӣёр менамояд:
- 2-690101 – Меъморӣ;
- 2-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
- 2-700201 05 – Банақшагирии биноҳо ва иншоот;
- 2-700201 31 – Сохтмони ва истифодабарии биноҳо ва иншоот;
- 2-560201 31 – Геодезия дар сохтмон;
Шакли таҳсил рӯзона, дараҷаи таҳсилот миёнаи касбӣ буда, муҳлати таҳсил 3-сол мебошад.
Дар факултет 3 кафедра бо шумораи умумии 44 нафар омузгорони асосӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо 3 кафедраи тахассусӣ мебошад:
Кафедраи сохтмон ва меъморӣ- тахассусӣ;
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ – умумиколлеҷӣ;
Кафедраи забонҳои хориҷӣ – умумиколлеҷӣ;
Алиев Давлат Алиевич
декани факултети нақлиёт ва сохтмон
Лоиқов Парвиз Ибрагимович
эдваӣзери таълим факултети нақлиёт ва сохтмон
Табаров Самандар Насруллоевич
эдваӣзери тарбия факултети нақлиёт ва сохтмон
Зарринаи Тоҷидини Ҳасанзодаи
танзимгар дар факултети нақлиёт ва сохтмон
Рӯз, моҳ ва соли таваллуд: 26.04.1992
Ҷинс: зан
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 1 сол
Кафедраи забонҳои хориҷӣ дар заминаи кафедраи забонҳо таъсис ёфта, хамчун зерсохтори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ фаъолияти худро мутобиқ ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабулнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаи Коллеҷ, низомнома, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабулнамудаи Коллеҷ, фармонҳои директор, дастурамали вазифавӣ, инчунин, накшаи кории Шӯрои олимон, маъмурият, кафедра ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст. Кафедраи забонҳоро солҳои таҳсили 2009-2013 муаллими калон Холов Тохир, солҳои таҳсили 2013-2016 муаллими калон Султонова Сайрамбӣ солҳои таҳсили 2016-2017 муаллими калон Шарипова Лайло рохбарӣ намудаанд. Соли тахсили 2017-2018 бо фармоиши директори муассиса н.и.и. дотсент Асроров У.С. кафедраи забонҳо ба ду кафедра, кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ чудо карда шуд. Рохбарии кафедраи забони тоҷикиро Назаров Холназар, роҳбарии кафедраи забонҳои хоричиро Киматбӣ Элназар с.2017-2018 ва с2018-2019 Шарипова Адолат ба ухда доштанд. Моҳи майи соли 2019 таҳти №10 бо фармоиши директори муассиса н.и.и.,дотсент Асроров У.С. кафедраҳои забонҳои хоричӣ ва забони точикӣ муттаҳид карда шуда, кафедраи забонҳо таъсис ёфт, роҳбарии онро ба зимаи муаллими калон Назаров Х.Д. гузошта шуда буд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 таҳти №12 фармоиши директори муассиса н.и.и. дотсент Асрорзода У.С. кафедраи забонҳо бо ду кафедра, кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ чудо карда шуда, тибқи фармоиш роҳбарии кафедраи забони тоҷикиро ба зимаи н.и.п. Назаров Х.Д. ва кафердаи забонҳои хориҷиро бошад ба зиммаи н.и.ф. Холботурова С.С. гузоштанд шуда буд, ки то ба имрӯз фаъолият дорад. |
Холо дар кафедраи забонҳои хориҷӣ 19-нафар омӯзгор фаъолият доранд, 14-нафар омӯзгори асосӣ, 1-нафар лаборант, 4-нафар ҳамкори дохила мебошанд. Дар ҳайати омӯзгорони кафедра 1-нафар дотсент, 2-нафар номзад, 1-нафар муаллими калон ва 15-нафар ассистентон фаъолият доранд. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бо зиёиёни кишвар кайд карда буданд, ки “ Омузгорӣ мукаддастарин пешаи руйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлок ва ташаккули тафаккури зеҳнӣ аз мехнати шаборӯзии омӯзгор вовастагӣ дорад.” Омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ ин суханони Пешвои миллатро ифтихори пешаи хеш дониста, фориғ аз дарсҳо ба таълифи мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ машғул мебошанд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ дар давоми соли таҳсили 2020-2021 зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нақша гирифта шуда, дар давоми соли таҳсил ба табъ мерасанд. Аз ҷумла мақолаҳо дар мавзуъҳои зерин: 1. Холботурова С.С. «Лирикаи ҷилди дуюми А.Блок дар тарҷумаи забони точикӣ», «Тарҷумаи хуби асархои А.Блок» дар якчоягӣ бо Иброҳимова З.Х. Мачаллаи илмӣ. Матбааи ДМТ. Ду мақола дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва як қатор шеърхо ба чоп супорида шудааст. 2. Хомидов Ҳ.З. «Нигоҳе ба аҳамияти маорифи халқ» Мачаллаи илмӣ. Матбааи ДМТ 2020, №10 ( 2074-1847) саҳ. 257-262 . « »дар шуъбаи илм ва иноваисия супориданд 3. Наҷмиддинзода Н.Э. «Забони русӣ сохтмони як занҷири ҳаёти нав» 4. Раҳмихудоева Т.М. “Омӯхтани забони англисӣ ва истифодаи хуби Интернет дар замони муосир” ин ду мақола дар конференсияи ҷумҳуриявии, кафедраи фанҳои гуманитари супорида шудаст. 5. Содиқова М.С. «Муаллими бад ҳақиқатро таълим медиҳад, муаллими хуб рафторро ба он таълим медиҳад» Паёми пажуишгоҳи Рушди маориф./ ба табъ мерасад ва ғ. 6. Киматбӣ Элназар “Проблема перевода русской современной литературы на таджикском языке” 7. Раҳимзода О. «Эмомалии Раҳмон эҳёгари Роғун» дар шуъбаи илм ва иноваисия супориданд. 8. Нозимова М.А. « Саҳми пешвои миллатдар пешрафти Тоҷикистон» дар шуъбаи илм ва иноватсия супориданд. Дар байни кафедраҳои муассиса кафедраи «Cохтмон ва меъморӣ» низ мақоми арзандаро доро мебошад, ки хатмкунандагони аз рӯи ихтисосҳо дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон тайёр мекунад. Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҶТ дар қатори дигар кафедраҳо дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ соли 1997 кафедраи «Сохтмон ва меъморӣ» низ таъсис ёфт. Мақсад ва вазифаҳои кафедра дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир тайёр мекунанд. Хатмкардагони зиёди кафедраи сохтмон ва меъморӣ соҳибдараҷа гардида, дар соҳаи меъморӣ имрӯз софдилона иҷрои вазифа намуда, барои пешрафти соҳаи меъмори ва сохтмони ватани азизамон саҳми аразандаи худро гузоштаистодаанд. Кафедра дорои синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо муҷаҳҳаз мебошад. Дар айни ҳол дар кафедра 14-омӯзгор, аз ҷумла 5-нафар омӯзгори калон, 6-нафар ассистент, 1-нафар ҳамкори беруна, 1-нафар ҳамкори дохила ва 1-нафар ҳуҷатнигор фаъолият менамоянд. Такмили мунтазами ҷараёни таълим дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои зерин фаъолият карда истодааст.
5.2-56020131«Геодезия дар сохтмон». 6.2-700 331 01 «Сохтмон нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои нақлиётӣ» Рушди ҳамкории кафедра бо кафедраҳои муассиса, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисон равона карда шудааст. Барои мукамал гардонидани савияи таҷрибавии донишҷӯён кафедра бо муасисаҳои лоиҳакаши ва корхонаҳои саноати ҳамкори менамояд, аз он ҷумла:
Омӯзгорони кафедра бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Инистути масъалаҳои об гироэнергетика ва экологияи АИ,ҶТ барои иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамкорӣ намуда истодаанд. Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос (таҳсил дар аспирантура, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос) дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Кафедраи фанхои гуманитарӣ яке аз кафедраҳои асосии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ба ҳисоб рафта ҳамчун кафедраи умумиколлеҷӣ фаолият менамояд. |
Ихтисосҳои факултети сохтмон ва роҳсозӣ
2-690101 – Меъморӣ;
2-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
2-700201 05 – Банақшагирии биноҳо ва иншоот;
2-700201 31 – Сохтмони ва истифодабарии биноҳо ва иншоот;
2-700331 01 – Сохтмон, нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои нақлиётӣ;
2-700331 02 – Сохтмон, нигоҳдорӣ ва таъмири купрукҳои автомобилгард;
2-700403 02 – Истифодабарии техникӣ ва таъмири системаи обтаъминнамоӣ ва обпарто;
2-560201 31 – Геодезия дар сохтмон;