ХУШХАБАР!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Шафиева Меҳрона ва Маҳмадов Сулаймон дар соли 2024 “ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” гардиданд.

Раёсати коллеҷи техникӣ ба Маҳмадов Сулаймон ва Шафиева Меҳрона ҷиҳати идомаи таҳсилашон бо баҳои аъло комёбиҳо таманно намуда, аз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон сипосмандӣ менамояд.