Санаи 06.09.2022 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқлолият – омили дастовардҳои рӯзафзуни миллӣ” баргузор гардид. Конференсияро директори коллеҷ муҳтарам Холматов Р.Б. ифтитоҳ, иштирокчиёнро табрику муборакбод ва меҳмонони ташрифовардаро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Дар баромади хеш муҳтарам Холматов Р.Б. қайд намуд, ки Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ба хотири ҳифзи неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба, саъю кушиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».
Имрӯз маъмурияти коллеҷи техникӣ дар баробари иштирок дар чорабиниҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки баҳри таҷлили ин неъмати бебаҳо- Истиқлолияти давлатӣ чорабинии илмӣ-фарҳангиро таҳти унвони «Истиқлолият – омили дастовардҳои рӯзафзуни миллӣ» баргузор намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумо, меҳмонони олиқадр, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷро табрик намуда, дар симои Шумо барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо ва ваҳдату ягонагӣ орзумандам!
Сипас, нависандаи Халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ба сухан баромада, сараввал кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки Истиқлолият худ неъмати бебаҳост. Истиқлолият рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангӣ буда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Пас, барои пойдории истиқлолият ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар бояд бо азму талошҳои софдилона ва фидокорона дар роҳи ободкорию созандагии ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон саҳмгузор бошад.
Дар рафти конференсия муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оид ба дастовардҳои истиқлолият қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 31 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Дастовардҳои истиқлолият хеле зиёданд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмон, шаҳодати ин гуфтаҳоянд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо ва табрикотҳо бахши фарҳангии чорабинӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи донишҷӯёни факултети муҳандисию иқтисодӣ пешкаш карда шуд.