Санаи 3-юми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо ташаббуси кафедраи таърих ва ҳуқуқ бахшида ба 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия таҷассумгари адолат ва қонуният” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ, меҳмононон: Нурляминзода Гулнора Абдулямин – сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷабборзода Ҳикматулло- муовини сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Конференсияро директори коллеҷ доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон ифтитоҳ карда, иштирокчиёнро ба муносибати 29-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол шодбош гуфт. Муҳтарам Саидзода М.М. дар идомаи суханронии хеш афзуд, ки бо шарофати қабули ин санаи муҳими тақдирсоз чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Сипас, тибқи сенарияи баргузории чорабинӣ Нурляминзода Гулнора Абдулямин – сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд”,
Ҷабборзода Ҳикматулло- муовини сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ” Рауфзода Комрон Қадриддин – ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи коллеҷи техникӣ дар мавзӯи “Аҳамияти таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, маъруза намуданд.
Иштирокдорони конференсия зимни баромадҳои худ дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда марбут ба паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, мавқеи ин санади муҳими сиёсиро дар замони муосир ва ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ва назаррас унвон намуданд.
Дар охири конференсия миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки масъалаҳои марбут ба қонунгузории кишварро дарбар мегирифт.