МЕҲРГОН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Санаи 21 октябри соли 2020 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар толори маҷлисгоҳ конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба иди Меҳргон таҳти унвони «Меҳргон – ҷашни миллии тоҷикон» баргузор гардида, дар саҳни бинои асосӣ дастовардҳова дастранҷи деҳқон ба намоиш гузошта шуд.

Дар конференсия ва намоиши мазкур раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода З. ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии ҳамин кумита Вализода М. инчунин кулли кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ штирок намуданд.

Директори муассиса Холматов Рустам Буранович бо иштироки меҳмонони дар боло зикр гардида ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, тамоми ҷамъомадагонро ба муносибати ҷашни Меҳргон табрик намуа, маъруз анмуд.

Меҳрогон яке аз куҳантарин ҷашнҳо мардуми ориёнажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё карда шуд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуд.

Меҳргон-калимаи сохта буда, аз решаи Меҳр ва пасванди ҷамъсози-гон сохта шудааст. Пасванди-гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад.

Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштанд.

Роҳбари муассиса қайд намуд, ки новобаста ба вазъияти ба амал омада, яъне бемории сироятии COVID-19 бо риояи масофаи иҷтимоӣ ва гигиенаи шахсӣ ин иди ниёгонамонро бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтем, ки ҷашни фархундаву куҳан ва мардумии миллатамон – Меҳргонро ҷашн бигирем.

Пас аз он оид ба ин ҷашн ва чӣ тарз пешвоз гирифтани он суханронӣ кард шуд. Таъкидҳои мунтазами Сарвари давлатро дар масъалаи ҳувияти миллию  шинохти миллӣ ва дубора зинда намудани ҷашну маросимҳои мардумӣ ба инобат гирифта, доир ба ҷашни  мардумии миллатамон – Меҳргон, ки дар ин рӯзҳои фасли тирамоҳ таҷлил мегардад,  устодони кафедраҳо ва донишҷӯёни факултет дастархони идона орастанд.

Сипас раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур  Гулаҳмадзода Зулфиқор дар мавзӯи «Таърихи ҷашни Меҳргон» баромад намуда, дар бораи пайдоиш ва ҷашнгирии иди қадима маълумот дод. Қайд гардид, ки Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих сарчашма  мегирад.

Пас аз он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода М. дар мавзӯи  «Иди Меҳргон» баромад намуда, оид ба тарзи гузаронидани ин ҷашн, хусусиятҳои муҳими он суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки бо шукргузорӣ аз  даврони Истиқлол ва пайгириҳои хирадмандонаи  сарвари давлатамон ҷашнгирии ин иди миллӣ ва бисёр муҳими тоҷикон аз нав эҳё гардидаву дар шакли боз ҳам беҳтару хубтар қайд карда мешавад.

Дар қисмати фарҳангии конфронс донишҷӯён бо сурурду рақсҳои дилошӯби хеш хотири ҷамъомадагонро шод гардонданд. Зери мусиқии дилошӯби дутор конфронс кори худро ба анҷом расонид.

Дар охир  дар конфронс ба ятимони кул ва нимятимон  аз ҷониби роҳбари муассиса туҳфаҳо дода шуд.

  Сармутахассиси раёсати

ташкилӣ тарбиявӣ                                         Бобоев Ҳ.К.