Санаи 8 – уми декабри соли равон дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар доираи татбиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти илмӣ, онлайн – семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур директори муассисаи таълимии давлатии буҷетии касбии вилояти Ростов “Коллеҷи сохтмони Дон” Сергеев Родион Валентинович, муассисаи таълимии “Коллеҷи давлатии техникии Витебск”, Ҷумҳурии Беларус – Добрецова Екатерина Леонидовна, филиали «Техникуми давлатии рохсозии Гомель ба номи Комсомоли ленинии Белоруссия» Муассисаи таълимии «Институти республикавии маълумоти касбй-техникй» – Авакова Марина Романовна ва муовини директор оид ба робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ – Ҳакимов Зоирҷон Рузибоевич оид ба низоми дуалии таълим суханрони намуданд.
Барои иштирок дар семинари илмӣ-амалӣ роҳбарон ва ҳайати омӯзгорони коллеҷ даъват карда шуд.
Мавзӯи масъалаи мухокимашаванда: “Шакл ва усулҳои инноватсионии таълим ҳангоми азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар системаи таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Мақсад аз баргузории семинари илмӣ-амалӣ табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, усул ва шаклҳои таълим мебошад, ки барои баланд бардоштани самаранокии таҳсилоти касбӣ мусоидат мекунанд.
Бахши матбуот