Санаи 16 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба рӯзи Президент дар мавзӯи «Президент каф или сулҳ» конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи илмӣ-фарҳангӣ намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар конфронси илмӣ-фарҳангиро бахшида ба рӯзи Президент дар мавзӯи «Президент кафили сулҳ» кушода эълон намуда, меҳмонон, омӯзгорон ва ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, чунин маърӯза намуд.
Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин мехохам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат сухан ронам. Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳо некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқӯ хотима дод. Дар натиҷаи талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамои рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Ба ҳаммаи дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст.Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонгиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст.
Дар рафти конференсия ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ Маҳмадов Расулҷон баромад намуда, суханронӣ намуд.
Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонистааст ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд.Эмомалӣ раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард.
Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин мҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллли мо меҳисобиданд.Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд.
Дар лаҳзаи фарҳангӣ бошад, донишҷуёни факултети нақлиёт ва технология сурудҳо хонданд.
Дар фарҷоми конференсияи илмӣ-фарҳангӣ ба омӯзгорон ва кормандони фаъол барои ширкати фаъолона дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангии муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи директори коллеҷи техникӣ мукофотонида шуданд.
Шуъбаи илм ва инноватсия
Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ
0 Comments