Тибқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Албатта ҷашн гирифтани чунин як рӯзи фараҳбахш, бояд басо муҳиму тантанавор бошад. Китоб ин бузургтарин маъхази гаронбаҳоест, ки он бояд ҳамеша қадру манзаллати хешро дошта бошад.

Бузургтарин ганҷина, таърих ва хазинаи тиллоии ҳар як миллату қавм ва давлат дар китобхонаи он маҳфуз гузошта шудааст. Имрӯз хазинаи китобхонаҳои коллеҷи техникӣ пур аз китоб адабиётҳои гуногунсоҳаро фаро гирифтааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мудири китобхонаи коллеҷи техникӣ Турдиева Мавҷуда Маҳмудовна мутаххасиси пуртаҷрибаи соҳаи китобдорӣ буда, пайваста барои ғанӣ гаштани фонди китобхона ва дастраси хонанда гардидани китоб саъю талош менамояд. Бо талошу заҳматҳои Турдиева Мавҷуда тули 2 соли охир яъне соли 2023 ва 2024 китобхонаи коллеҷи техникӣ дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи 2-юм гардидааст.

Ҳамаи кормандони китобхонаи коллеҷи техникӣ ва тамоми шахсиятҳои китобхону, дӯстдорони китобро ба муносибати “Рӯзи китоб” аз номи раёсати коллеҷи техникӣ самимона табрик менамоем. Умед бар он дорем, ки дар озмуни дар пешистодаи шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» коллеҷи техникӣ сазовори ҷойи намоён мегардад.