Санаи 27-уми феврали соли 2021 тибқи нақша-чорабиниҳои маъмурият, бо ташаббуси шуъбаи илм ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кафили рушди, деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иштирок доштанд.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар меҳмонон, омӯзгорон ва ҳозирини гиромиро харамақдам намуда, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро, таҳти унвони “Суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кафили рушди, деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” кушода эълон намуда, кори конференсияро оғоз намуд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.
Барои ҳунармандони асил қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифи кишвар маҳсуб мешавад. Бигузор ҳунари онҳо писанди ҳамагон гардад ва маҳсули бо меҳр офаридаи онҳо зеби кошонаҳо бошад.
Маҳз конференсияи мо бо ҳамин мақсадҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ояндаи кишварамон бахшида шудааст.
Дар рафти конференсия мудири кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Шаъбонов Нуралӣ баромад намуда дар мавзўи “Суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кафили рушди, деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маърўзаи пурмуҳтаво намуд.
Сипас мутахассиси рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи Сулҳияи Қувватбек дар мавзўи “Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ” баромад намуд.
Инчунин омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Раҳмонов Муродҷон дар мавзӯи “Таҳлили воқеии заминаҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Пас аз баромади маърӯзачиён тибқи баргузории конференсия навбат ба саволу ҷавобҳо дода шуд. Аз толор омӯзгорон ва донишҷӯён ному насаби маърӯзачиёнро гирифта, ба онҳо вобаста ба мавзуъи баромадшуда савол пешниҳод намуданд. Маърӯзачиён ба ҳар як саволи пешниҳодкардагон посухҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷом муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. ба қисми саволу ҷавоб хотима бахшида, ба меҳмонон ва аҳли толор барои иштироки фаъолона дар ҷараёни конференсия сипосгузорӣ намуда, конференсияро хотима бахшид.
Бахши матбуот
0 Comments