Санаи 12.11.2021 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ-фароѓатӣ таҳти унвони” Пешвои мо-ифтихори мо”баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон: Гулаҳмадзода З.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Вализода М.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,  Меҳринисо М.- шоир, узви Иттифоқи нависандагони ҶТ, Субҳияи М.-шоир, Узви Иттифоқи нависандагони ҶТ,  Раҳимзода Ш.- корманди раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Маҳмадалиев Б.-корманди раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Холматов Рустам Буранович меҳмонон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷуёнро ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки ҳамасола ин санаи муҳимро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати зиёд ҷашн мегиранд.

Холматов Р.Б. қайд намуд, ки  бо манзури эҳтироми эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар   ноҳияи  Шоҳмансур        Гулаҳмадзода З.А. ҳамагонро ба ин санаи муҳим таҳният намуда, қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву ваъзиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар  охири   чорабинӣ як қатор кормандону донишҷӯёни фаъоли колеҷ бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба директори колеҷ тақдим гардид.

Субҳияи Меҳриниссо қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯрои Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст. Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонист ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор кунад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард.

Баъди суханронии меҳмонон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои коллеҷ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 

 

 

Маҳмадалиев Бобоҷон дар баромади худ қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобиданд. Маҳз, тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ  бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд.

Ин чорабинӣ ба омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ таасуроти фаромушнашаванда боқӣ гузошт.