Санаи 09.02.2024 бо мақсади эҷоди ҳамкориҳои мутақобилан судманд намояндагони Донишгоҳи таҳқиқотию техникии Иркутскии Федератсияи Россия: муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ – Быков Степан Сергеевич ва Меленьтева Анна Евгеньевна – сардори раёсати робитаҳои хориҷии донишгоҳи болозикр ба коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ташриф оварданд.

Тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зерин барои ба имзо расонидани созишнома мувофиқа намуданд:

1) Таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар соҳаи маориф.

2) Ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили фаъолияти илмию таълимӣ.

3) Гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи маориф, татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ.

4) Иштироки мутақобила дар гузаронидани лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба.