Самтҳои асосии татбиқи сиёсати дохила ва берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти кишвар ироа гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” ба рушди устувори иқтисодӣ, баландбардории рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд.
Барои муваффақ шудан дар ин раванд зарур аст, ки тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намоянд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар солҳои оянда метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта ва рақобатпазир табдил диҳад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ босуръат рушд мегардад ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсири мусбат арзёбӣ мегардад, дар баробари рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти фавқулодда пайдо хоҳад кард.
Имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои ҷаҳон иқтисодиёти рақамӣ мавзӯи хело маъмул гашта, рақамикунонии тамоми равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо суръати хело баланд мушоҳида гардида истодааст. Технологияҳои рақамӣ қариб тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти моро фарогир шуда ба баландбардоштани салоҳиятҳои рақамӣ ва рушди захираҳои инсонӣ гардида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ин раванд дар канор намондан бояд захираҳои инсонии худро барои корбарӣ дар ин шароит омода созад. Ба ақидаи мо, минбаъд барои рушди нерӯи инсонӣ ва тақвият додани салоҳиятҳои рақамии он бояд чунин чораҳоро андешид: Таҷдиди назар ва ислоҳи барномаҳои таълимӣ аз рӯи талаботи бозори меҳнати рақамӣ, аз ҷумла ворид намудани малакаҳои рақамӣ ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз мактаб то донишгоҳ:
- Тақвияти барномаҳои бозомӯзии мунтазам барои омӯзгорони мактабҳои миёна ва мактабҳои таҳсилотии олии касбӣ бо мақсади омода намудани онҳо барои таълим бо истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- Тақвияти низоми таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши касбҳое, ки бо технологияҳои рақамӣ алоқаманданд;
- Таъмини дастрасии ҳамагон ба интернет бо нархҳои дастрас ва сифати баланд дар саросари кишвар, бахусус дар минтақаҳои дурдаст;
- Рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои 4G,5G;
- Ташкили марказҳои технологӣ ва технопаркҳо, ки ба рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.
Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият бахшида истодааст.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.
Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси маҳзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ баланд бардошта мешаванд.
Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад.
Дар ин раванд, омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ рӯйи кор меоянд.
Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндарҷаи аҳли ҷомеа ба татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ гарданд. Умед дорем, ки аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории мамлактамонро бо неруи зеҳнии хеш баҳри ободиву созандагӣ ва осудагии Ватан ва таҳкими бебаҳо барои миллати соҳибтаамаддуни мо, сулҳу ваҳдат сафарбар менамоянд.
Холиқназар Азимов – муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ