Ҷашни сада сад маънию мазмун дорад,

Сад кӯҳу муроду ганҷи Қорун дорад.

Ҳар қатраву ҳар зарраи хокаш дар худ,

Дарё дар ҷилои Ҷайҳун дорад.

САДА – худ чӣ гунна ҷашн аст ва аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро зарурияти ҷашн гирифтани он ба миён омад? Фарқияти ҷашни Сада аз Наврӯз ва Меҳргон дар чист?

Сада сад роҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Бар рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гуем ба ин ҷашни Ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихи, «САДА» ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. САДА-низ мисли Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои ориёитабор ба шумор меравад, ки онро сол 10-уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. САДА-ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада ба оташпарастӣ, ки хоси дини зардӯшт аст, ягон рабте надорад. Олими тоҷик Д.Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус чунин овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст».

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Иди Сада рамзи бедоршавии табиат асту омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ, маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки иди Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» – и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода мефарояд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Устураҳо ва ё асотир дар бораи Сада низ гуногун ва зиёд буда, ҷамъи онҳоро чунин метавон дастбандӣ кард:

– «Ҳушанг оташро кашф менамояд» -ӯ санге ба сӯи мор мепартояд ва санг бар санги дигар бархӯрда оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифта онро Сада меноманд.

– Адади фарзандони Одам – мегуянд, ки Қаюмарс яъне Одам, ки нахустин инсон буд, 100 фарзанд дошт, 50 нафари онҳо аз ҷинси зан ва 50-нафари дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд он рӯзро ҷашн гирифтанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017 зикр гардидааст, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, бо вуҷуди ин ки 70 сол фарҳангу тамаддун, забону одобу рафтори шӯравиро иҷборан дар кишвари худ ривоҷу равнақ медоданд, ғайрату ҳиммати тоҷикона ва руҳу равони миллӣ боис гардид, ки фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.

Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди “Сада” дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми январ соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуд. Ин табрикоти Пешвои миллат шаби 29-уми январи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуд.

Пешвои муаззами миллат дар табрикоти хеш зикр карданд, ки дар замони Истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, “соли 2017 дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид карда шуд”. Пешвои муаззам ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилиҳо аз сокинон даъват кард, тамоми талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”- ро низ риоя намоянд. Аз ҷумла изҳор намуд: “Зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад”.

Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.

Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 – ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин барои бебозгашт эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди қуроқдӯзӣ, гилембофӣ, кешбофӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, оҳангарӣ ва ғайроҳоро тақоза менамояд. Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.

Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.

Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҳамаи шаҳрвандон аст. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад.

Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони ситорашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.

Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

(Фирдавсӣ, Шоҳнома)

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.

Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.

Сияҳаков С.,  н.и.т., дотсент, сардори раёсати таълим