17 – уми январи соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ва сардори шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич бо мақсади эҷоди ҳамкориҳои мутақобилан судманди манфиатидуҷониба, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ба Коллеҷи Академияи байналмилалии тиҷорати шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварда, Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои зерин созишнома ба имзо расониданд:

1) Таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои илмӣ дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ.

2) Ҳаракати академии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон бо мақсади тайёр кардан, такмили ихтисос ва такмили фаъолияти илмию таълимӣ.

3) Гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак, таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи маориф, татбиқи муштараки фаъолияти инноватсионӣ.

4) Иштироки мутақобила дар гузаронидани лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, тадқиқотӣ ва илмию техникӣ, конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, инчунин мубодилаи адабиёти таълимӣ ва илмӣ дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба.

Роҳбарияти Коллеҷи Академияи байналмилалии тиҷорати шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намояндагони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимиро гарм истиқбол гирифтанд.