Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси  Коллеҷи техникии ДТТ  ба номи академик М.Осимӣ.

 Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус воҳиди таркибии сохтори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ буда, барои ҳалли вазифаҳои амалии худ дар доираи салоҳиятҳое, ки Оинномаи коллеҷ муқаррар кардааст, масъул мебошад. Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус фаъолияти худро дар асоси Оинномаи коллеҷ ва низомномаи мазкур амалӣ месозад. Сохтор ва теъдоди воҳидҳои кории шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус тибқи тартиби муқарраргардида директори коллеҷ муайян ва тасдиқ мекунад. Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси коллеҷ ташкили низоми самараноки идоракунии кадрҳо, фароҳамоварии шароитҳои мусоид барои фаъолияти ташаббускорона ва эҷодкоронаи профессорону омӯзгоронро бо дарназардошти хусусиятҳои инфиродӣ ва малакаҳои касбии онҳо дар асоси сиёсати кадрии корхона бо ҳавасмандгардонии моддию маънавии онҳо ба роҳ мемонад.

Мақсади асосии фаъолияти шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, бойгонии коллеҷ ин баланд бардоштани савияи касбӣ, ҳифзи солимӣ ва таъмини бехатарии ҳар як корманд мебошад.

СОХТОРИ ШУЪБАИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС

Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Сангов Сайамридин Акрамович 16 ноябри соли 1977 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ шуъбаи рӯзона ва соли 2014 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 ҳамчун сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолият менамояд.

Бобоев Ҳусейн Комилович 01.03.1997 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 2018 дараҷаи бакалавриро дар факултети  молиявию  иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси суғурта хатм намуда, сипас соли 2021 дараҷаи магистратураро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2023, ҳамчун муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолият менамояд.

Каримова Гулнора Ҷаборовна 22.04.1965 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ хатм намудааст. Аз моҳи апрели соли 2016  ҳамчун сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолият мекунад.

Шуъбаи бахши бақайдгирии шиносномаи донишҷӯён

Махсутшоева Миҷгона Моёншоевна 17.08.1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2020 Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро аз рӯи ихтисоси автоматикунонии кори бонкӣ хатм кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2022  ҳамчун мудири шуъбаи бахши бақайдгирии шиносномаи донишҷӯён дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолият менамояд.

Бахши бойгонӣ

Ғафорова Тағойгул Ҷалиловна 01.03.1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2008 Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро аз рӯи ихтисоси шабакаҳои алоқа ва системаҳои алоқа хатм намудааст. Аз соли 2016 ҳамчун мудири бахши бойгонии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолият менамояд.­Нурова Саодат Зайниддиновна 17.02.1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1992 Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқовро аз рӯи ихтисоси китобхоначӣ хатм намудааст. Аз соли 2018 ҳамчун сармутахассиси бахши бойгонии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолият менамояд.