Санаи 15.10.2022 дар саҳни бинои асосии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии намоишӣ бахшида ба иди Меҳргон таҳти унвони “Меҳргон иди деҳқон ва рамзи меҳру фаровонӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон: Муродов Ҷӯрабек- муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ғафорзода Билол – мудири бахши кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Нахуст ҳозиринро директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Холматов Рустам Буранович бо ҷашни аҷдодиамон “Меҳргон” табрику муборакбод намуда, аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии ин ҷашни қадимаи аҷдодиамон ёдовар шуданд.
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад.
Сипас, Муродов Ҷӯрабек- муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ғафорзода Билол – мудири бахши кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, Назаров Холназар муаллими калони кафедраи забони тољикии коллељи техникї баромад намуданд.
Дар саҳни коллеҷ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, ки бозгӯи фаровонии дастархони мардум мебошад, рамзи фаровонӣ ва ҷамъоварии ҳосилу баракати рӯзгор арзёбӣ мегардад, ба марази тамошо гузошта шуд.
Дар намоиш ҳосили фаровон, полезиҳо, сабзавотҳо ва меваҳои гуногун, инчунин ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи факултетҳои коллеҷ дар сатҳи баланд ташкил ва пешкаш карда шуд.