Санаи 14.10.2023 дар саҳни бинои асосии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ чорабинии намоишӣ бахшида ба иди Меҳргон таҳти унвони “Меҳргон иди деҳқон ва рамзи меҳру фаровонӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раёсати коллеҷ ва муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Наботов Шукрулло иштирок намуданд.
Нахуст ҳозиринро муовини директори коллеҷи техникӣ оид ба таълим муҳтарам Асроров Зокирҷон Мукарамович бо ҷашни аҷдодиамон “Меҳргон” табрику муборакбод намуда, аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии ин ҷашни қадимаи аҷдодиамон ёдовар шуданд.
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад.
Дар саҳни коллеҷ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, ки бозгӯи фаровонии дастархони мардум мебошад, рамзи фаровонӣ ва ҷамъоварии ҳосилу баракати рӯзгор арзёбӣ мегардад, ба марази тамошо гузошта шуд.
Дар намоиш ҳосили фаровон, полезиҳо, сабзавотҳо ва меваҳои гуногун, инчунин ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи факултетҳои коллеҷ дар сатҳи баланд ташкил ва пешкаш карда шуд.